Ҳайдар Одиназода: «Шумораи довталабон аз ҷумҳуриҳои хориҷӣ барои таҳсил дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон меафзояд»

Июль 18, 2018 14:30

ДУШАНБЕ, 18.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо шумораи довталабон аз ҷумҳуриҳои хориҷӣ барои  таҳсил дар донишгоҳи мо  хеле  зиёд гардидааст. Матлаби мазкур имрӯз зимни нишасти матбуотӣ аз ҷониби ректори  Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ Ҳайдар Одиназода баён гардид.

Ҳ. Одиназода ҳамчунин иброз намуд, ки соли таҳсили 2016-2017 дар ДТТ 53 нафар донишҷӯёни хориҷӣ аз 11 кишвари гуногун, аз ҷумла,  Афғонистон, Корея, Қазоқистон, Қирғизистон, Нигерия, Германия, Россия, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Чин дар курси тайёрӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ, зинаҳои бакалавриат, магистратура, аспирантура ва докторантураи PhD таҳсил доштанд. Аз ин шумора 27 нафарашон ба таври буҷавӣ дар асоси бурсияҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони хориҷӣ ҷудошуда ва 26 нафарашон тариқи шартномавӣ таҳсил намуданд.

Инчунин зикр гардид, ки яке аз ҳадафҳои муҳими фаъолияти байналмилалии донишгоҳ — тайёр намудани кадрҳои илмӣ- педагогӣ ва мутахассисони баландихтисос барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои олии касбии кишварҳои хориҷӣ мебошад.

Вобаста ба ин, бо кӯшишҳои раёсати донишгоҳ ва дастгирии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар соли 2017 12 нафар омӯзгорон барои таҳсил дар аспирантура ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия фиристода шуданд.

Июль 18, 2018 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд