АКСИЯИ «ТОЗАГИИ МАҲАЛ»: маҳалли зисти худро тозаю озода нигоҳ дорем!
ТУРСУНЗОДА, 07.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода аз моҳи моҳи январи соли равон дар ҳудуди шаҳр аксияи «Тозагии маҳал» эълон намуд, ки он дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот гузаронида мешавад.
Тавре аз шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, аз рӯзи оғози ин аксия то ҳол 22 900 нафар сокинони шаҳри Турсунзода дар тоза намудани макони зисти худ иштирок намуда, маҳаллаҳои ҳудуди шаҳро аз 413 метри кубӣ партовҳои сахти маишӣ тоза намуданд.
Аксияи «Тозагии маҳал» дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардида, ғолибон бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мешаванд.
Мақсад аз баргузор намудани ҳамоиши мазкур тоза намудани ҷойҳои бозии кӯдакону наврасон дар кӯчаю маҳаллаҳо, соҳили дарёҳо, ҷӯйбору каналҳо, сафед намудани дарахтони кӯчаҳои шаҳр ва шафати шоҳроҳи Душанбе- Турсунзода мебошад.
Бо ин амали нек кӯчаю маҳаллаҳо, ҷамоатҳои деҳот ва дар маҷмӯъ, саросари диёрамон ободу зебо гардида, амнияти тозагию беҳдошти маҳаллаҳо таъмин мегардад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






