БОЗИҲОИ ОСИЁ-2018: ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба самбо муайян шуд
ДУШАНБЕ, 30.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар Бозиҳои 18-уми Осиё, ки аз 18 август то 2 сентябри соли равон дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия баргузор мегарданд, дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба самбо иштирок мекунад.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, мусобиқа оид ба самбо 31 август то 1 сентябр дар шаҳри Ҷакарта аз рӯи 2 дараҷаи вазнӣ миёни мардон (-52 кг, -90 кг) ва 2 дараҷаи вазнӣ миёни занон (-48 кг, -68 кг) баргузор мешавад, ки варзишгарони мо дар ҳарду вазн миёни мардон ширкат мекунанд.
Дар вазнҳои -52 кг варзишгарони ҷавони тоҷик Сомон Сангов, Ҷомии Ҳасан ва дар вазнҳои -90 кг ду паҳлавони шинохтаи тоҷик Комроншоҳ Устопириён ва Умед Ҳасанбеков дар ин мусобиқа Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд.
Варзишгарони тоҷикро дар ин мусобиқаи варзишӣ сармураббӣ Носир Бозоров ва президенти Федератсияи самбои Тоҷикистон Давлатмурод Наҳтуллозода ҳамроҳӣ мекунанд.
Бояд зикр кард, ки гӯштини самбо низ мисли кураш бори аввал ба барномаи Бозиҳои тобистонаи Осиё ворид карда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дар Бозиҳои осиёии дохили толор ва ҳунарҳои размӣ дар шаҳри Ашқободи Ҷумҳурии Туркманистон Ҷомии Ҳасан медали нуқра ва Умед Ҳасанбеков медали биринҷӣ ба даст оварда буданд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад






