БОЗЁФТҲОИ ТАЪРИХИИ НАВРАСОН! Ашёҳои нодири таърихии дарёфткардаашонро онҳо ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон тақдим намуданд

Июль 18, 2018 08:30

ДУШАНБЕ, 18.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Як гурӯҳ хонандагони ноҳияи Рӯдакӣ якчанд ашёи таърихиеро, ки аз ҳудуди ноҳияи мазкур бозёфт намуданд, ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳадя карданд.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Осорхона хабар доданд, хонандагони синфи 6-и мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №118-и ноҳияи Рӯдакӣ Умед Азизов, Юсуф Саидов, Шарифхуҷа Шарифов ва хонандаи мактаби №110-и шаҳри Санкт-Петербург Андрей Нилов нафароне мебошанд, ки якчанд ашёи таърихиро бозёфт намуда, ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон супориданд.

Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи таҳқиқ ва пажӯҳиши мутахассисони соҳа муайян гардид, ки ашёи ёфтгардида аз зарфҳои сафолии мунаққаш иборат буда, мансуб ба асрҳои миёна мебошанд. Роҳбарияти  Осорхонаи миллии Тоҷикистон ин амали хонандагонро қадрдонӣ намуда, онҳоро бо ифтихорномаҳо сарфароз гардониданд.

“Дарвоқеъ, ин амали хонандагон боиси таҳсин буда, мебояд барои дигарон намунаи ибрат бошад. Зеро ҷамъоварӣ ва ҳифз намудани бозёфтҳои таърихӣ яке аз вазифаҳои асосии шаҳрвандон мебошад”,-зикр намуд манбаъ.

Июль 18, 2018 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд