Дар барномаи бозиҳои олимпии Пекин-2022 тағйирот ворид карда шуд

Июль 19, 2018 12:00

ДУШАНБЕ, 19.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи миллии олимпӣ ба панҷ намуди варзиши барномаи  Бозиҳои олимпии зимистонаи соли 2022, ки маконаш пойтахти Ҷумҳурии мардумии Чин- шаҳри Пекин интихоб шудааст, тағйирот ворид намуд. Дар ин бора дафтари матбуоти ин ташкилоти бузурги варзишии ҷаҳонӣ иттилоъ додааст.

Дар барномаи бозиҳои олимпии зимистонаи Пекин-2022 дар намудҳои бобслей, фиристайл, фристайли  акробатикӣ, сноуборд -кросс, ҷаҳиш бо лижа аз ҷастангоҳ ва эстафета дар шорт-трек рақобатҳои нав ворид шудаанд. Дар аксари тағйироти воридшуда дар риштаҳои ҷолиби лижаронӣ, аммо каме хатарнок бонувон низ ҷалб шудаанд.

Ҳамзамон дар ин намудҳои варзиш рақобатҳои эстафета ва даставӣ низ дохил гардидаанд, ки акнун аз рӯи онҳо дар Пекин иштирокчиён на танҳо ба таври инфиродӣ, балки дар намуди даставӣ низ қувваозмоӣ менамоянд.  Ин   маънии онро дорад, ки шумораи медалҳо низ дар бозиҳои олимпии зимистонаи Пекин боз ҳам афзоиш хоҳад ёфт.

Дар баробари ҷалби бонувон ба ин намудҳои варзиш дар барномаи бозиҳо рақобатҳои омехта, ки гурӯҳро зану мард пурра мекунанд, шомил карда шуданд.

Июль 19, 2018 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд