Дар Бонки миллии Тоҷикистон бо таҳлилгарони Агентии байналмилалии рейтингии «Standard & Poor’s» мулоқот доир шуд

Июль 20, 2018 15:00

ДУШАНБЕ, 20.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо таҳлилгарони Агентии байналмилалии рейтингии «Standard & Poor’s» Тревор Куллинан ва Шоҳрух Темуров, ки барои оғози раванди интишори навбатии рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор доранд, мулоқоти корӣ анҷом дод.

Тавре аз Бонки миллӣ хабар доданд, дар мулоқот  муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев таваҷҷуҳи намояндагони Агентии «Standard & Poor’s»-ро ба пешбурди сиёсати иқтисодии мамлакат, идоракунии захираҳои байналмилалӣ, татбиқи босамари сиёсати пулию қарзӣ, сиёсати фискалӣ ва қарзи берунаи давлатӣ, бозори коғазҳои қиматнок, барориши евробондҳо бо ҷалби сармояи хориҷӣ, рушди бахши воқеии иқтисодиёт, таъмини суботи молиявӣ, вазъи низоми бонкии кишвар, татбиқи ислоҳот дар ин самт ва тадбирҳои минбаъда ҷалб намуд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки дар натиҷаи андешидани як қатор тадбирҳои судманд дар ин давра, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқоиса бо кишварҳои минтақа ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.

Инчунин Ҷ.Нуралиев   таъкид кард, ки зимни истифодаи индикаторҳои рейтингӣ  ба инобат гирифтани раванди тамоюли рушд дар бахшҳои муҳими иқтисодиёт бо мақсади муайян кардани эътибору нуфузи кишвар нақши назаррас дорад.

Ҳамчунин   аз ҷониби коршиноси Агентии байналмилалии рейтингии «Standard & Poor’s» Тревор Куллинан методологияи гузаронидани рейтинг ва омилҳои асосии муайянкунии он, аз ҷумла, аз рӯи нишондиҳандаҳои суботи молиявӣ, сиёсати фискалӣ, сиёсати пулию қарзӣ, низоми бонкӣ, сатҳи некуаҳолӣ ва нишондиҳандаҳои қарзи давлатӣ маълумот дода шуд.

Тревор Куллинан иброз дошт, ки ҳадафи асосии онҳо таҳлил намудани нишондиҳандаҳои иқтисодию молиявӣ аз рӯи маълумоти оморӣ ва  иттилоотӣ бо назардошти дигар нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Агентии байналмилалии рейтингии «Standard & Poor’s» дар баробари баҳогузории хавфҳои қарзӣ, инчунин рейтинги бозори қарзӣ, молиявӣ ва маълумоти расмиро таъмин намуда, маводи таҳлилӣ ва иттилоотӣ ба нашр мерасонад.

Бино ба иттилои манбаъ,   коршиносони Агентии байналмилалии рейтингии «Standard & Poor’s» зимни сафари  худ бо роҳбарияти як зумра вазорату идораҳои кишвар, аз ҷумла, Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ мулоқоту машварат намуда, ҷиҳати баҳогузории рейтинги кишварро баррасӣ менамоянд.

Июль 20, 2018 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид