Дар Душанбе бо мақсади пешбурди тарзи ҳаёти солим майдончаҳои варзишӣ бунёд мешаванд

Июль 17, 2018 08:40

ДУШАНБЕ, 17.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи ташаббуси роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар самти тақвияти корҳои ободонию созандагӣ ҷиҳати бунёди майдончаҳои варзишию тафреҳӣ барои сокинони пойтахт, хосса кӯдакону наврасон, дар кӯчаи Айнӣ, назди биноҳои истиқоматии №299 ва №303, шаҳраки №191, воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансур майдончаи нави варзишӣ бунёд карда шуд.

Дар маросими ифтитоҳи он муовини Раиси шаҳри Душанбе Фаррух Ҷумъазода, раиси ноҳияи Шоҳмансур Низом Ҳакимзода  сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода  ва сокинони кӯчаи Айнӣ иштирок намуданд.

Иншооти мазкурро кормандони Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва саҳмгирӣ дар шукуфоии пойтахти кишвар бунёд карданд. Майдони варзишӣ аз майдончаи футболи хурд, ки  ҳамзамон барои бозиҳои волейбол ва баскетбол мувофиқ аст, нишастгоҳҳо барои фароғати сокинон, майдончаи бозии кӯдакон, ки бо асбобҳои гуногуни варзишӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст, иборат мебошад. Ҳамзамон атрофи майдонча сабзазор гардида, дар дохилаш гулҳои рангоранг ва дарахтони ҳамешасабз шинонида шудааст. Ҳамзамон барои таъмини амнияти бошандагон дар атрофи майдонча камераҳои назоратӣ насб гардидаанд.

Сокинони ин маҳалла аз ғамхории роҳбарияти Мақомоти иҷроияи шаҳри Душанбе, ки  барои таҳкими тарзи ҳаёти солим, ҳарчи бештар ба варзиш машғул шудани кӯдакону наврасон шароити мусоид фароҳам меорад, сидқан миннатдоранд.

Июль 17, 2018 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад