Дар ноҳияи Айнӣ маҷмааи варзишӣ ва боғи фарҳангӣ-фароғатӣ бунёд карда мешаванд

Июль 24, 2018 11:30

ДУШАНБЕ, 24.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ноҳияи Айнӣ маҷмааи  варзишӣ ва боғи фарҳангӣ — фароғатӣ бунёд карда мешавад.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилоят ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, маҷмааи варзишӣ ва боғи фарҳангӣ – фароғатӣ аз варзишгоҳ бо 10 ҳазор ҷойи нишаст, ҳавзи шиноварӣ барои кӯдакону наврасон, майдончаҳои гуногуни варзишӣ ва боғи истироҳатӣ иборат буда, зимни сафари кории раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Айнӣ ба бунёди он санги асос гузошта шуд.

Раиси вилояти Суғд зимни суҳбат бо сокинони ноҳияи Айнӣ иброз дошт, ки «дар доираи омодагиҳо ба ин санаи таърихӣ дар шаҳру навоҳии вилоят бунёди беш аз 3 ҳазор иншооти таъйиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст. Бунёди маҷмааи варзишӣ ва боғи фарҳангӣ – фароғатӣ дар ноҳияи Айнӣ аз ҷумлаи чунин иншоот маҳсуб мешавад».

Июль 24, 2018 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд