Дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе содиршавии ҷиноят аз тарафи ноболиғон дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд шудааст

Июль 25, 2018 15:30

ДУШАНБЕ, 25.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар  шаш моҳи соли 2018  дар ноҳия  938  ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 66 ҷиноят зиёд мебошад. Аз ин миқдор 79 ҷиноят аз тарафи ноболиғон содир гардидааст, ки дар муқоиса  ба ҳамин давраи соли 2017 60 ҷиноят  зиёд мебошад. Ин нуктаро раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Нусратулло Салимзода зимни пешниҳоди ҳисобот дар  нишасти матбуотие, ки имрӯз дар мақомоти мазкур доир гардид, иброз дошт. 

Раиси ноҳия доир ба вазъи иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар давраи ҳисоботӣ маълумот дода, аз ҷумла, зикр кард, ки дар ҳудуди ноҳия 159  корхонаҳои саноатӣ мавҷуданд. Дар ин давра 74 адади онҳо  ҳаҷми истеҳсолотро зиёд намуда, 41 адади  дигари он  ҳаҷми маҳсулотро нисбат ба ҳамин давраи соли 2017   ба маблағи 11, 7 миллион сомонӣ кам кардаанд ва 39 адад корхонаҳо умуман  фаъолият надоштанд.

Н. Салимзода ҳамчунин иттилоъ дод, ки  дар давраи ҳисоботӣ 35 коргоҳҳои ҳунарҳои мардумӣ  ва дар ин замина 267 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудаанд ва дар ин самт корҳо идома доранд.

Дар нишасти хабарӣ ҳамчунин зикр гардид, ки барои қабули неруи гармӣ соли равон 850 адад биною иншоот ба нақша гирифта шудааст. Аз  ин миқдор  756 ададро  биноҳои истиқоматӣ, 56 ададро муассисаҳои таълимӣ, 14 ададро  муассисаҳои тандурустӣ ва 24 ададро дигар муассисаҳои дигари ноҳия ташкил медиҳанд.

Июль 25, 2018 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад