Дар обанбори «Баҳри тоҷик» 4 нафар аз ғарқшавӣ наҷот дода шуданд

Июль 14, 2018 09:45

ДУШАНБЕ, 14.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳангоми навбатдорӣ дар обанбори «Баҳри тоҷик» наҷотбахшони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд чор нафарро аз ғарқшавӣ наҷот доданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» сухангӯи Кумитаи мазкур Умеда Юсуфӣ иттилоъ дод, 13 июли соли равон сокини 41-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо духтари 13-сола ва ду духтари 14 ва 15-солаи ҳамсояаш дар «Баҳри тоҷик» ба оббозӣ машғул шуда, ҳудуди барои шиноварӣ муайяншударо убур кардааст.  Духтарҳои наврас шино карда натавониста, ба таҳлука афтодаанд. Падар барои наҷоти онҳо шитофта, кӯшиш кардааст, ки духтаронро наҷот диҳад, аммо аз сабаби ба таҳлука афтодани духтарон ӯ ҳам зери об шудааст. Наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ин ҳодисаро мушоҳида намуда, дарҳол ба кумаки ғарқшавандаҳо шитофта, онҳоро ба соҳил интиқол додаанд. Ҳамаи наҷотёфтагон сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, сиҳату саломатанд.

Ин аввалин ҳодисаи ғарқшавӣ ва наҷотдиҳӣ дар мавсими имсолаи шиноварӣ нест. Бо фаро расидани фасли гармо ва оғоз шудани мавсими оббозӣ Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ назорат дар обҳо ва мавзеъҳои шиноварии ҷумҳуриро пурзӯр карда, дар дарёҳои пуртуғён, ки оббозӣ дар онҳо иҷозат дода намешавад, бо истифода аз ғаввосон ва наҷотбахшони касбӣ навбатдории шабонарӯзӣ ба роҳ мондааст.

Ғайр аз ин, кормандони Кумитаи мазкур ҳар рӯз бо сокинони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ мулоқоту суҳбатҳо анҷом дода, ба онҳо қоидаҳо ва маконҳои оббозиро шарҳ медиҳанд ва даъват мекунанд, ки аз оббозӣ дар ҷойҳои манъшуда худдорӣ намоянд.

Аммо новобаста аз ҳушдорҳои қатъӣ сокинони ҷумҳурӣ дар чунин дарёҳо худсарона ба оббозӣ машғул шуда, ҳаёти худу наздиконашонро дар хатар мегузоранд.

Аз ин сабаб Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз сокинону меҳмонони ҷумҳурӣ эҳтиромона хоҳиш мекунад, ки ҳангоми оббозӣ қоидаҳои бехатариро риоя намоянд ва дар ҷойҳои муайяншуда ба шиноварӣ машғул шаванд. Ҳамчунин волидонро огоҳ менамояд, ки фарзандони худро ҳангоми ҳузур доштан дар лаби дарёву кӯлҳо беназорат нагузоранд.

Июль 14, 2018 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд