Дар шаҳри Бӯстон бахшида ба Рӯзи маъюбон мусобиқаҳои варзишӣ оғоз шуданд
ДУШАНБЕ, 5.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 5 июл дар Ташкилоти ҷамъиятии «Ҷамъияти маъюбон»-и шаҳри Бӯстони вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи маъюбон, ки дар ҷумҳурӣ 8 июл таҷлил мегардад, маросими ифтитоҳи мусобиқаҳои вилоятӣ доир шуд.
Мусобиқаҳои мазкур бо ташаббуси Иттиҳодияи миллии маъюбони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва дастгирии ташкилоти байналхалқии «Оперейшн Мерси» роҳандозӣ гардида, ҳадафи асосӣ- ин ба ҳаёти осоишта ва раванди солимгардонӣ ҷалб намудани ин қишри ҷомеа мебошад.
Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, мусобиқаҳои мазкур аз рӯи намудҳои дастхобонӣ, шашка, тенниси рӯи миз ва футбол баргузор гардида, то 7 июл идома меёбанд.
Дар рӯзи аввали мусобиқаҳо 100 нафар аз шаҳру навоҳии Хуҷанд, Бӯстон, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Мастчоҳ ширкат намуда, байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Ғолибон дар Рӯзи маъюбон бо туҳфа ва сипосномаҳо қадрдонӣ карда мешаванд.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






