Дар шаҳри Бохтар мусобиқаи шашка ва шоҳмот баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 12.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 27- солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бохтар миёни ҷавонони аз 15 то 25-сола мусобиқаи шашка ва шоҳмот баргузор гардид.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Федератсияи шоҳмоти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар мусобиқаи мазкур 25 нафар ҷавонон барои нишон додани маҳорату малакаи худ миёни ҳам рақобат намуданд.
Мақсади баргузории мусобиқа дарёфти чеҳраҳои боистеъдод ва ташвиқи ин намуди варзиш, ки ба ташаккули зеҳнии шахс таъсири мусбат мерасонад, арзёбӣ гардид.
Ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли мусобиқа бо туҳфаҳо ва сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






