Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи «Ҳомии Ватан» баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 20.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 21 июли соли 2018 тибқи нақшаи барномаҳои муштараки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Кумитаи марказии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машқгоҳи Кумитаи марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҳарбӣ – варзишии «Ҳомии Ватан» баргузор мегардад.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар мусобиқаи мазкур афсарону сарбозон аз қисмҳои низомии ҳудуди шаҳри Душанбе иштирок намуда, баҳри дарёфти ҷойҳои ифтихорӣ байни ҳам рақобат менамояд.
Озмуни мазкур аз рӯи намудҳои давидан аз болои чархҳои резинӣ, гузаштан аз таги симтӯр бо оринҷон, бо қувваи дастон аз зинаи дароз гузаштан, партофтани норинҷак ба масофаи 30 м, тирпаронӣ ва пӯшидани ниқоби газӣ баргузор мегардад.
Ғолибони мусобиқа бо диплом, медал, ҷом ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш қадрдонӣ карда мешаванд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






