Дар шаҳри Хоруғ ба муносибати Рӯзи маъюбон раҳпаймоӣ ва барномаҳои фарҳангию фароғатӣ баргузор шуданд
ХОРУҒ, 07.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғ бахшида ба Рӯзи маъюбон, ки дар ҷумҳурӣ ҳамасола 8 июл таҷлил мегардад, бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятии «Маркази Нур», «Табассум», «Савоб» ва «Маҷрӯҳон» раҳпаймоӣ ва барномаҳои гуногуни фарҳангию фароғатӣ баргузор гардиданд.
Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар ин барномаҳо қариб 150 нафар тарбиятгирандагони то 18-солаи ташкилоти ҷамъиятии «Савоб», 200 нафар кӯдакону наврасон аз Ташкилоти ҷамъиятии «Маҷрӯҳон» ва зиёда аз сад нафар тарбиятгирандагони ташкилотҳои ҷамъиятии «Табассум» ва «Маркази Нур» бо ҳамроҳии волидону наздикони худ ширкат намуданд.
Директори Маркази кӯдакону наврасони имконияташон маҳдуди «Нур» Камол Шанбезода гуфт, ки «дар баргузории ин маҳфили зебову диданӣ созмони байналмилалии «Миссияи Шарқ» кумаки арзишманд расонд. Ҳадафи баргузории ин барномаҳо, пеш аз ҳама, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба ҳаёти одамони имконияташон маҳдуд ва фароҳам овардани шароити мусоид барои табобат, таҳсил ва кор мебошад. Мо бояд коре кунем, ки онҳо худро узви комилҳуқуқи ҷомеа эҳсос намоянд. Теъдоди ин қишри ҷомеа дар шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёда аз 500 нафарро ташкил медиҳад. Мо ҳамеша таваҷҷуҳи беандоза ва ғамхории беғаразонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нисбат ба маъюбону пиронсолон ва ятимон эҳсос мекунем ва бо истифода аз аз чунин фурсати муносиб аз номи кулли ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ки ба таълиму тарбияи афроди имконияташон маҳдуд машғул мебошанд ва ҳамчунин аз номи волидони онҳо ба Пешвои миллат изҳори сипос менамоем».












Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






