Дар шаҳри Хоруғ Форуми ҷумҳуриявии «Зиракии сиёсии ҷавонон – омили рушди амну суботи кишвар» баргузор гардид
ХОРУҒ, 18.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 18 июл дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Форуми ҷумҳуриявии ҷавонон таҳти унвони «Зиракии сиёсии ҷавонон – омили рушди амну суботи кишвар» баргузор гардид.
Мухбири АМИТ «Ховар» Шукӯҳи ДАЛЕР, ки иштирокчии форуми мазкур мебошад, аз ҷараёни баргузории он аз шаҳри Хоруғ гузориш медиҳад.
То оғози форум дар назди пояи Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ ҳамоиши «Ҷавонон- пайрави Пешвои миллат» баргузор гардид. Ҳамзамон меҳмонон аз намоиши дастовардҳо ва ҳунарҳои мардумии ҳунармандони ВМКБ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дидан намуданд.
Зимни ифтитоҳи Форуми ҷумҳуриявии ҷавонон таҳти унвони «Зиракии сиёсии ҷавонон – омили рушди амну суботи кишвар» муовини раиси ВМКБ Гулдаста Орумбекзода, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризо Назарзода, раиси шаҳри Хоруғ Арамбегим Маҳтобшозода, муовини сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ Зебо Ҷумахонзода сухан карданд.
Сипас намояндагони фаъоли ҷумҳурӣ аз вилоятҳои Бадахшон, Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе сухан гуфтанд.
Зикр шуд, ки дар замони муосир, ки технология бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, ҳамаи қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла, ҷавонон бояд донишҳои муосирро аз бар намуда, барои нигоҳдории сулҳу ваҳдат ва соҳибистиқлолӣ хизмат намоянд.
Вобаста ба пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ махсус ибрози андеша карда шуд. Зикр гардид, ки ҷавонони саодатманди тоҷик ин ду омили номатлубро маҳкум намуда, барои ободӣ ва шукуфоии Ватани маҳбубамон шабу рӯз заҳмат мекашанд.
Зимнан ин ду мавзӯъ аз зумраи масъалаҳои меҳварие буданд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ бо намояндагони аҳли ҷамоати мамлакат моҳи майи соли равон махсус таъкид карда буданд.
Ҷавонон иброз доштанд, ки «мо зери сиёсати сулҳпарваронаи Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи амалҳои номатлуби замони муосирро маҳкум менамоем ва зиракии сиёсиро аз даст надода, барои пойдории истиқлолияти мамлакатамон саъй менамоем».
Бояд гуфт, ки Форуми мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ва таҳти сарпарастии президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ роҳандозӣ гардид.
Дар он зиёда аз 100 нафар ҷавонони касбу кори гуногун- гирандагони стипендияи Президентӣ, стипендияи Раиси шаҳри Душанбе, олимон ва муҳаққиқони ҷавон, варзишгарону кормандони соҳаи кор бо ҷавонон, санъаткорону адибон ва ихтиёриёни фаъоли мамлакат иштирок намуданд.
Иштирокдорони форум аз Боғи ботаникӣ ва чойхонаи миллии шаҳри Хоруғ дидан намуданд.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






