Дар шаҳри Хуҷанд портали сармоягузорӣ фаъол мегардад
ХУҶАНД, 16.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд мақсад дорад, ки баҳри рушди соҳаи иқтисодиёт, инъикоси имконияту иқтидорҳои мавҷуда ва ба ин восита, ҷалби сармоя ва соҳибкорони хориҷиву дохилӣ ба иқтисодиёти шаҳр портали сармоягузории мақомоти шаҳрӣ ташкил намояд.
Айни ҳол мутахассисони соҳа доир ба татбиқи лоиҳаи портали сармоягузории шаҳр кор мебаранд. Дар назар аст, ки ба наздикӣ ин портал фаъол гардида, иттилооти он оид ба имконияту иқтидорҳои маркази маъмурии Суғд тариқи шабакаҳои интернетӣ дастраси муштариёну сармоягузорон гардад.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» масъулин аз хадамоти матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, ҳоло дар минтақаи ҷанубу ғарбии шаҳр, дар майдони 320 га ҷиҳати тақвият бахшидан ба рушди иқтисодиёти мамлакат Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» таъсис ёфтааст. Ҳоло дар ин мавзеъ барои фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ шароити имтиёзнок ва низоми махсуси иқтисодӣ муҳайё карда шудааст. То 1 июли соли 2018 дар ин минтақа 24 адад субъектҳо ба қайд гирифта шуда, ба фаъолият шурӯъ намудаанд.
Тибқи иттилои манбаъ, то имрӯз дар шаҳри Хуҷанд баҳри ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, истифодаи мақсадноки захираҳои табиӣ ва неруи инсонии минтақа якчанд лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар мисоли сохтмони коргоҳи коркарди пўст ба маблағи 12,5 млн. доллари амрикоӣ, фабрикаи пойафзол ба маблағи 12,6 млн. доллари амрикоӣ, коргоҳи истеҳсоли зарфҳои шишагин ба маблағи 17,0 млн. доллари амрикоӣ, коргоҳи коркарди мева ва истеҳсоли консерва ба маблағи 11,7 млн. доллари амрикоӣ, яхдону сардхонаҳои гуногунҳаҷм ба маблағи 3,1 млн. доллари амрикоӣ, фабрикаи дорусозӣ ба маблағи 45,0 млн. доллари амрикоӣ ва фабрикаи қаннодӣ ба маблағи 3,5 млн. доллари амрикоӣ фаъолият доранд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






