Дар Суғд бо муҳоҷирони меҳнатии шаҳру ноҳияҳо суҳбатҳои судманд гузаронида шуданд
ДУШАНБЕ, 05.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Давоми ҳафтаи равон дар доираи ҳамкории Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо ташкилоти ҷамъиятии «Марказ оид ба ҳуқуқҳои инсон» дар як зумра шаҳру ноҳияҳои вилоят барномаҳои маърифатӣ – иттилоотӣ доир шуданд, ки мавзўи асосиашон пешгирӣ ва мубориза бо бемории Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) буд.
Тавре аз Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, гурӯҳи корӣ тӯли чанд рӯз бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо мулоқот намуд.
Бино ба иттилои манбаъ, новобаста ба он, ки мавзўи асосии мулоқот пешгирӣ ва мубориза бо бемории ВНМО буд, зимни он чандин масъалаи дигар, аз ҷумла муҳоҷирати бехатар, чораҳои бехатарӣ дар давраи баргузории Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол, муқовимат бо экстремизму терроризм, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, реинтегратсияи муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта, эҳёву рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҳалли мушкилоти муҳоҷирони дохиливу экологӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ин радиф ба иштирокчиёни мулоқот моҳияти Созишнома миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қазоқистон вобаста ба муҳоҷират фаҳмонида шуд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






