Фуруди изтирории ҳавопаймои Boeing 737-300 -и ширкати «Тоҷик Эйр» дар фурудгоҳи Домодедово

Июль 2, 2018 08:34

ДУШАНБЕ, 02.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳавопаймои Boeing 737-300 марбут ба ширкати  миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр», ки  субҳи 2 июл дар хастсайри Москва-Хуҷанд  парвоз мекард,  дучори мушкили техникӣ гардида, беосеб дар фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Москва  фаромад.

Аз маркази матбуоти ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки  тамоми мусофирони ҳавопаймо дар меҳмонхонаҳо ҷой карда шуда, бо хӯрок таъмин гардидаанд. Бинобар иттилои сарчашма, алҳол муҳандисон ҳавопайморо муоина намуда, баъди  анҷоми ташхис ҳавопаймои Boeing 737-300 аз Москва ба Хуҷанд парвоз менамояд.

Июль 2, 2018 08:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ