ФУТБОЛ: дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бар дастаи мунтахаби Афғонистон ғалаба кард
ДУШАНБЕ, 24.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо роҳбарии мутахассиси тоҷик Рустам Қурбонов дар нахустин бозӣ дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дастаи мунтахаби наврасони Афғонистонро бо ҳисоби 3:0 мағлуб намуд.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ин бозии ҷолиб дар варзишгоҳи Донишкадаи нақлиёти шаҳри Тошканд баргузор шуда, ду голро ҳимоятгар Меҳрубони Абдурауф ба нишон расонид. Як голи дигарро Салоҳиддин Эргашев аз ҷаримаи 11-метра ба ҳадаф расонид.
Дар ду бозии дигари даври аввал дастаи мунтахаби наврасони Ӯзбекистон бар ҳамсолонашон аз Туркманистон бо ҳисоби 4:1 ва дастаи мунтахаби наврасони Эрон бар дастаи мунтахаби наврасони Қирғизистон бо ҳисоби 2:0 ғолиб шуданд.
Ёдовар мешавем, ки бозиҳои даври дуюми мусобиқот имрӯз, 24 июл баргузор мегарданд. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби наврасони Ӯзбекистон бозӣ мекунад.
Ин бозӣ дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Тошканд соати 18:00 шурӯъ мешавад.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад






