Холмурод Раҳмон: «Сари вақт пардохт накардани маблағҳои ҳаққи хизмати обрасонӣ боиси афзудани қарзҳои кредитории ташкилоту идораҳои Агентӣ гардидааст»

Июль 25, 2018 15:00

ДУШАНБЕ, 25.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Гарчи идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо уҳдадориашонро оид ба обрасонӣ иҷро карда бошанд ҳам, аз ҷониби  истифодабарандагони об  ҳаққи хизмати обрасонӣ сари вақт ва пурра пардохт карда намешавад. Бо ин сабаб бақияи қарзи ҳаққи хизмати обрасонӣ соли равон 7,66 млн.сомонӣ ва бо назардошти солҳои  пеш 112,2 млн. сомониро ташкил  менамояд.

Ин матлабро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмурод Раҳмон ба намояндагони ВАО изҳор намуд.

«Бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта оид ба маблағгузории соҳа шабакаҳои обёрӣ ба мавсими обдиҳии ҳосили соли 2018 омода карда шуда, аз оғози моҳи март тариқи шабакаҳои худҷорӣ пурра ва тибқи дархости хоҷагиҳои кишоварзӣ тавассути пойгоҳҳои обкашӣ ва чоҳҳои амудӣ заминҳои кишоварзиро бо об таъмин карда истодаанд»,-гуфт ӯ.

Бино ба маълумоти номбурда, дар ин давра идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо 47 082 нафар истифодабарандаи  об дар майдони 551 651 гектар шартномаи доду гирифти об ба имзо расонида, ба онҳо дар асоси дархосташон дар ҳаҷми 1943,5 млн. м3, (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 34,2,0 млн.м3 зиёд) бо арзиши 34,75 млн. сомонӣ (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,99 млн. сомонӣ зиёд) об расониданд.

Аз ҷониби истифодабарандагони об ба маблағи 25,65 млн. сомонӣ ё  74 фоизи арзиши оби додашуда ҳаққи хизмати обрасонӣ пардохт карда шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 6,2 млн.сомонӣ зиёд мебошад.

Бо мақсади рўёнидани маблағи қарз аз ҳисоби ҳаққи хизмати обрасонӣ ба мақомоти Суди иқтисодӣ ва Прокуратура ба маблағи 23,58 млн. сомонӣ ҳуҷҷат ва аризаҳои даъвогӣ пешниҳод гардида, аз онҳо ба маблағи 4,08 млн.сомонӣ ҷарима рўёнида шуда, боқимонда 19,49 млн.сомонӣ дар арафаи баррасӣ қарор дорад.

Директори Агентӣ инчунин зикр кард, ки «бо сабаби пурра ва сари вақт аз ҷониби хоҷагиҳои кишоварзӣ ва дигар истифодабарандагони об пардохт накардани маблағҳои ҳаққи хизмати обрасонӣ қарзҳои дебиторӣ 129,1 млн.сомониро ташкил намудаанд. Ин дар навбати худ боиси афзоиш ёфтани қарзҳои кредитории ташкилоту идораҳои Агентӣ, сари вақт напардохтани қарзи неруи барқ, пардохти суғуртаҳои иҷтимоӣ, андозҳо ва музди меҳнати коргарон гардидааст».

Июль 25, 2018 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд