Ихтисосҳои Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба талаботи бозори меҳнат мутобиқ гардонида мешаванд
ДУШАНБЕ, 27.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бо супориш ва ҳидоятҳои мухсуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ихтисосҳои мавҷудаи Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам -Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит бозбинӣ ва ба талаботи бозори меҳнат мутобиқ гардонида мешаванд. Дар ин бора Ректори Донишкадаи мазкур Тоҷиддин Асомиддинзода имрӯз, 27 июл зимни нишасти матбуотӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Тоҷиддин Асомиддинзода дар нишаст зикр кард, ки «ҳар сол нақшаҳои таълимӣ бознигарӣ шуда, ба онҳо тағйиру иловаҳо ворид карда мешавад. Яъне онҳо ба меъёрҳои замонавӣ ва байналмилалии таълим мутобиқ карда мешаванд».
Таъкид гардид, ки дар ин муассисаи таълимии динии мамлакат устодони соҳибтаҷриба фаъолият мекунанд, ки теъдоди унвондорони онҳо сол то сол ба маротиб меафзояд. Ин устодон ба донишҷӯён фарҳанги дурусти диндориро омӯзонида, бо далелҳои саҳеҳ ба онҳо масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳашонро шарҳ медиҳанд.
Ё
довар мешавем, ки 30 майи соли равон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Низоми Ганҷавии шаҳри Душанбе бо гузоштани санги асос ба бунёди иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит оғози расмӣ бахшиданд.
Иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон барои 1500 донишҷӯ дар як баст пешбинӣ гардида, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо харҷи 136 миллион сомонӣ дар майдони қариб 3 гектар бунёд карда мешавад.
Ба иттилои Тоҷиддин Асомиддинзода, бинои нави Донишкада тавре бунёд мешавад, ки дар он тамоми шароити лозима барои таҳсил муҳайё мегардад. Бинои нави Донишкадаи мазкур дар шафати «Масҷиди калон» бунёд гардида, охирҳои соли 2020 мавриди истифода қарор мегирад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






