ИСТИРОҲАТИ БОФАРОҒАТ ДАР «ЧАНГОБ». Кӯдакони шунавоияшон сусти Мактаб-интернати ноҳияи Рӯдакӣ ва Хонаи бачаҳои шаҳри Роғун таътили худро дар ин макон хуш гузарониданд
ҲИСОР, 19.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии истироҳатгоҳи маърифатӣ ва фароғатии «Чангоб», воқеъ дар шаҳри Ҳисор аз ҳисоби маблағгузории Федератсияи иттифоқи касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттифоқҳои касабаи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ кӯдакону наврасонро аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат барои даври сеюм қабул менамояд.
Тибқи иттилои сармураббии истироҳатгоҳи «Чангоб» Гулмаҳмад Назарзода, дар ду даври аввал 564 нафар кӯдакону наврасон истироҳати бофароғат намуданд, ки аз онҳо 41 нафар кӯдакони шунавоияшон сусти Мактаб-интернати ноҳияи Рӯдакӣ, 30 нафар тарбиягирандагони Хонаи бачаҳои шаҳри Роғун, 130 нафар аз шаҳри Ҳисор ва 118 нафар аз вилояти Хатлон буданд. Ба андешаи масъулин, дар ин макон дар мадди аввал кӯдакону наврасони нимятим, ятими кулл, маъюб, хонандагони болаёқат ва аз оилаҳои камбизоат ба истироҳати тобистона фаро гирифта мешаванд.
Истироҳатгоҳи маърифатӣ ва фароғатии «Чангоб», ки аз замони Шӯравӣ боқӣ мондааст, бо бунгоҳи тиббӣ, ҳавзи шиноварӣ, майдончаҳои варзишӣ, ошхона ва хобгоҳҳои барҳаво таъмин мебошад.
Гулмаҳмад Назарзода иброз намуд, ки дар истироҳатгоҳ омӯзгорони ботаҷриба барои назорати истироҳаткунандагон фаъолият мекунанд. Инчунин аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор донишҷӯён барои таҷрибаомӯзӣ роҳхат гирифта, дар якҷоягӣ бо мураббияҳои ботаҷриба аз рӯйи барномаи таълимию фароғатии истироҳатгоҳ кӯдакону наврасонро ба ватандӯстию худшиносии миллӣ роҳнамоӣ менамоянд.
Кӯдакону наврасон дар як баст 14 рӯз истироҳат менамоянд. Барои ҳар нафари онҳо аз ҳисоби Иттифоқҳои касабаи соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ 600 сомонӣ ҷудо мегардад. Онҳо бо чор вақт хӯроки гарм таъмин буда, пайваста зери назорати табибону омӯзгорон қарор доранд. Истироҳатгоҳи мазкур бо назардошти имкониятҳои мавҷуда метавонад дар басти сеюм то 210 нафар кӯдакону наврасонро қабул намояд.













Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






