Иззатулло Сатторӣ, Вазири кишоварзӣ: «Нархи тарбуз баъди ба бозор ворид гардидани ҳосили дуюм арзон мешавад»
ДУШАНБЕ, 16.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Сабаби болоравии нархи тарбуз дар бозорҳои кишвар ин аст, ки ҳосили якуми он аллакай ба итмом расидааст ва баъди ба бозор ворид гардидани ҳосили дуюм нархи он ба меъёри пешина бармегардад. Ин матлабро Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Изатулло Сатторӣ имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар ҳузури хабарнигорон иброз намуд.
Зимни нишасти мазкур инчунин зикр гардид, ки парандапарварони ҷумҳурӣ ҷиҳати афзалиятнок муайян гардидани соҳа аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат ва аз ҳамаи андозу пардохтҳо озод гардидани воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳа руҳбаланд гардида, барои рушди соҳаи парандапаварӣ талош доранд.
Дар ин давра барои таъмини соҳаи парандапарварӣ ба ҷумҳурӣ зиёда аз 840 ҳазор дона тухми нутфадор, 712 ҳазор сар чўҷаи якрўза, 22346 тонна хўроки паранда ва барои ба роҳ мондани павариши мурғи гӯштӣ таҷҳизот барои афзун намудани истеҳсоли гӯшти паранда ворид карда шуд.
Зикр гардид, ки соҳаи моҳипарварӣ низ сол то сол тараққӣ меёбад. Айни замон дар миқёси ҷумҳурӣ 270 адад хоҷагиҳои моҳипарварӣ фаъолият дошта, аз рўи маълумоти оморӣ, то 1 июли соли 2018 истеҳсоли он ба 397 тонна расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 тонна зиёд мебошад.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






