Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандии ҷавонони соҳибистеъдод озмун эълон кард
ДУШАНБЕ, 19.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо мақсади дастгирии ҳамаҷониба ва ҳавасманд намудани фаъолияти эҷодии ҷавонони соҳибистеъдод барои дарёфти ҷоизаи Кумита дар соҳаи адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ ва барномасозӣ (компютерӣ/технологияҳои иттилоотӣ) барои соли 2018 озмун эълон кард.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Кумитаи мазкур хабар доданд, дар озмун адибону рӯзноманигорон, рассомону оҳангсозон, меъморону коргардонҳо ва санъаткорони ҷавоне, ки дар рушду инкишофи соҳаи худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми босазо гузоштаанд, иштирок карда метавонанд.
Ба иттилои манбаъ, ҷоиза аз рӯи тартиби зайл баҳогузорӣ карда мешавад: адибон (китобҳои илмӣ, бадеӣ, адабӣ, ашъор, осор), рӯзноманигорон (мақолаҳо, маводи иттилоотӣ, барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ, гузоришҳои хабарӣ (ба корҳо дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон бартарият дода мешавад), барномасозон (ихтироъкорӣ дар самти технологияҳои иттилоотӣ, компютерӣ (ба корҳо дар самти ташаккули махзани иттилоотӣ, аз ҷумла, дар соҳаи ҷавонон), санъаткорон (сарояндагӣ, раққосӣ, тарроҳӣ, ҳунармандӣ, расмҳои дорои хусусияти тарбиявӣ, портрет, пейзаж, нақшу нигор ва ғайра), меъморон (лоиҳаҳои сохтмонӣ, боғу гулгаштҳои фарҳангию фароғатӣ, роҳравҳои варзишӣ, марказҳои ҷавонон, фаввораҳо, майдончаҳои варзишӣ ва ғайра, ки истифодаи онҳо ба шароити Тоҷикистон мувофиқ бошад).
Ҷоизаи мазкур ба панҷ соҳа равона гардида, маблағи умумии он 28000 сомониро ташкил медиҳад. Инчунин ба шахсоне, ки сазовори Ҷоиза мегарданд, диплом ва нишони фахрӣ супорида мешавад.
Ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун то 20 сентябри соли 2018 қабул карда мешаванд.








Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






