Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш озмуни стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон кард

Июль 20, 2018 08:30

ДУШАНБЕ, 20.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои соли хониши 2018 -2019 озмуни стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон  кард.

Тавре аз Кумитаи мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, бо мақсади татбиқи босамари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», дастгирии моддиву маънавӣ, пайдо намудани хонандагони болаёқату фаъол ва бедорсозии ҳисси хештаншиносии наврасону ҷавонон озмуни стипендияи Президентӣ барои соли хониши 2018 — 2019 баргузор мегардад.

Ба иттилои манбаъ,  довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳои аз муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии ноҳия ва шаҳр гирифтаашонро, ки давоми ду соли охир бо баҳои аъло таҳсил кардаанд, ба унвони Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш пешниҳод намоянд.

Даври аввали озмун дар шаҳру ноҳияҳои кишвар доир гардида, марҳилаи ниҳоии он аз ҷониби комиссияи ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст мегардад.

Июль 20, 2018 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ