Лагерҳои тобистона дар Бадахшон ба қабули 2 ҳазор нафар истироҳаткунанда омода ҳастанд
ХОРУҒ, 03.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар мавсими имсола дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 2 ҳазор нафар кӯдакону наврасон дар лагерҳои тобистона дам мегиранд.
Муовини сардори Раёсати маорифи вилоят Алигавҳар Алигавҳаров ба хабарнигори АМИТ “Ховар” гуфт, ки «дар ҳудуди вилоят 10 лагери тобистона мавҷуданд ва онҳо ҳамасола қабл аз қабули хонандагон мавриди санҷиши ҳайати комиссияи махсус, иборат аз кормандони соҳаи маориф, хадамоти оташнишонӣ, маркази санитарию эпедимологӣ қарор мегиранд. Барои як қисми ин ин лагерҳо шуъбаҳои маориф ва қисми дигар, кумитаи иттифоқҳои касаба, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо маблағ ҷудо кардаанд. Санҷиш нишон дод, ки лагерҳои «Саодат»-и ноҳияи Шуғнон, «Сағирдашт»-и ноҳияи Дарвоз, «Зинг»-и ноҳияи Ванҷ ва «Маърифат»-и ноҳияи Рӯшон ба мавсими имсола омодагии бештар дидаанд».
Мутобиқи нақша, кӯдакону наврасон дар баробари истироҳат ва сайру саёҳат, ҳамчунин ба дарсҳои «Ахлоқу маърифат» ҷалб карда мешаванд. Дар ин дарсҳо ба онҳо тарзи дурусти баҳсу мунозира оид ба ин ё он мавзӯъ, муомилаву муошират бо калонсолон, аҳамияти донишомӯзиро ёд медиҳанд. Ин гуна дарсҳоро бо кӯдакону наврасон донишҷӯёни донишгоҳҳои олии мамлакат мегузаронанд.
Ба гуфтаи муовини сардори Раёсати маорифи вилоят, як гурӯҳ кӯдакону наврасон бо кумаки Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар лагерҳои шаҳри Душанбе ва минтақаҳои дигари мамлакат истироҳат мекунанд.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






