Лоиҳаҳои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз тарафи ташкилотҳои байналмилалӣ дастгирӣ ёфтанд

Июль 19, 2018 15:00

ДУШАНБЕ, 19.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи мо дар якчанд озмунҳои ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок намуд ва   ду лоиҳаи пешниҳоднамудаамон, ки яке  «Низоми менеҷменти сифат» ва дигаре «Механизми  ҳавасмандгардонии духтарон барои гирифтани маълумоти олӣ»  унвон дошт, дастгирӣ ёфтанд. Матлаби мазкур имрӯз зимни нишасти матбуотӣ аз ҷониби ректори Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон  Ҳамидуллохон Фақеров баён гардид.

Ҳ.Фақеров ҳамчунин иброз намуд, ки лоиҳаҳои мазкур аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфта, маблағгузорӣ мешаванд ва аз моҳи сентябри  соли 2018 татбиқи онҳо оғоз меёбад. Маблағи умумии лоиҳаҳои  тадбиқшаванда қариб 3 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Инчунин гуфта шуд, ки мақсади иштирок дар ин озмунҳо тақвияти табодули омӯзгорон ва донишҷӯён,  таҳияи низоми менеҷменти сифат ва болоравии эътибори донишгоҳ мебошад.

Зикр гардид, ки донишгоҳ дар барномаи Эрамус+ иштирок намуда, ҳамоҳангсози  лоиҳаи PAWER дар ҷумҳурӣ дониста мешавад. Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон  ҳамчунин ҳамкории худро бо донишгоҳҳои Қазоқистон, Федератсияи Россия, Кореяи Ҷанубӣ ва Италия дар доираи созишномаҳои баимзорасида ва барномаи байналмилалии Эрамус+ хуб ба роҳ мондааст.

Июль 19, 2018 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ