Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» ба ҷамъиятҳои истифодабарандаи чарогоҳҳо 133 адад трактор дастрас намуд
ДУШАНБЕ, 16.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади сари вақт анҷом додани кишту кор ва ҷамъоварӣ намудани ҳосили зироати хӯроки чорво Муассисаи давлатии «Маркази идораи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» дар асоси дархост ба ҷамъиятҳои истифодабарандаи чарогоҳҳо 8 адад комбайни ғалладаравӣ, 133 адад тракторҳо, 32 адад ғаллакӯбаки истеҳсоли ватанӣ, 10 адад таҷҳизот барои ҷамъоварии хӯроки чорво, 190 адад алафдаравакҳои гуногун ва дигар намуди техника ва мошинолот дастрас намуд.
Ин нуктаро имрӯз директори Маркази идораи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» Саъдӣ Каримзода зимни нишасти матбуотии ин ниҳод иброз намуд.
Ҳамчунин ба иттилои номбурда, аз сабаби гарм омадани ҳаво, хусусан дар ҷануби кишвар дар чарогоҳҳо хушкшавии алафҳо ба назар расид.
Маркази идораи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» дар самти беҳтар намудани заминаи истеҳсоли хӯроки чорво хонаводаҳои эҳтиёҷманди ҷамъиятҳои истифодабарандагони чарогоҳҳои ноҳияҳои Темурмалик, Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод, Балҷувон ва Ховалинги вилояти Хатлонро бо 109,7 тонна тухмии зироати хӯроки чорво ва 593 тонна нуриҳои миниералӣ таъмин намуд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






