МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС: дар рӯзҳои гарм бояд аз обҳои тозае истифода кард, ки ба меъёрҳои беҳдоштӣ ҷавобгӯ бошанд

Июль 11, 2018 11:20

ДУШАНБЕ, 11.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Фасли тобистон бо гармиву истироҳату дилхушиҳояш зебост. Аммо аз ҳад боло рафтани ҳарорати ҳаво дар ин фасли сол ба инсон таъсири манфии худро низ мерасонад.  Мувофиқи пешгӯии обу ҳавошиносон, шурӯъ аз даҳаи аввали моҳи июл то охирҳои даҳаи дуюм  ҳаво дар ҷумҳурӣ гарм шуда, ҳарорат дар бештари манотиқи кишвар то 43 дараҷаро ташкил хоҳад дод.

Баланд шудани ҳарорати ҳаво дар кишвар ба саломатии одамон,  бахусус калонсолон таъсири зиёд дорад. Аз ин сабаб табибон зимни  баланд шудани ҳарорати ҳаво ба сокинони кишвар тавсия медиҳанд, ки дуру дароз зери офтоб наистанд, зеро метавонанд ба бемории гармозадагӣ  гирифтор шаванд. Бар асари гирифтор шудан ба ин беморӣ таби бадан баланд мешавад. Агар дар ҳавои гарм дар зери офтоб бисёр истанд, сӯхтани пӯсти бадан, пайдоиши обилачаҳо дар пӯст, инчунин дарди сару қайкунӣ ба амал меояд.

Зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» табиби оилавии Маркази саломатии шаҳрӣ  Шоимгул Сабурова иброз дошт, ки  шахсоне, ки бемориҳои фишорбаландӣ, ишемияи дил, диққи нафас ва ғайра доранд, шиддати гарморо бештар эҳсос мекунанд. Аз ин рӯ, бояд тавсияҳои табибонро риоя созанд ва дорувории заруриро сари вақт истеъмол кунанд. Ҳамзамон дар ҷойҳои салқин, зери дарахтону назди ҳавзҳо қарор гиранд, то нури офтоб ба онҳо камтар расад.

Ба иттилои табиб, гармо метавонад ба кӯдакони хурдсол таъсири бештар расонад. Зеро ҷисми кӯдакон бисёртар аз об иборат аст ва дар рӯзҳои гарм метавонад мубодила ва мувозинати оби организми онҳо вайрон шавад. Аз ин рӯ, аз ҳамаи падару модарон талаб карда мешавад, ки кӯдакони худро эҳтиёт кунанд ва дар ҷойҳои сояи зери дарахтон, назди кӯл ва ё ҳавзҳои хонаҳои худ нигоҳ доранд, ки таъсири гармо ба узвҳои дарунӣ зиёд набошад. Бахусус ба кӯдакон тез – тез нӯшонидани об тавсия дода мешавад. Дар кӯлу ҳавзҳо  ҳангоми гармии рӯз оббозӣ тавсия дода намешавад, — иброз дошт Ш.Сабурова.

Ба тавсияи табиб, дар рӯзҳои гарми офтобӣ одамон бояд аз обҳои тозае  истифода кунанд, ки ҷавобгӯйи меъёрҳои беҳдоштӣ бошанд. Нӯшидани оби зиёд барои пешгирии беобшавии ҷисм мусоидат мекунад. Ҳамзамон тавсия дода мешавад, ки  дар ин рӯзҳои гарм аз истеъмоли хӯрокҳои зуд вайроншаванда худдорӣ бояд кард. Бештар меваҳои тару тоза ва  шарбатҳои меваро  истифода кардан ба маврид аст.

 

Ибодат ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Июль 11, 2018 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид