«МО ТАРАФДОРИ СОЛИМӢ». Дар «Боғи кӯдакон»-и шаҳри Душанбе барномаи маърифатию иттилоотӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 24.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 25 июл бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Боғи кӯдакон»-и шаҳри Душанбе барномаи маърифатию иттилоотӣ баргузор мегардад. Ҳамоиши мазкур «Мо тарафдори солимӣ» ном дошта, он бо мақсади пешгирииҷавонону наврасон ва аҳолиии кишвар аз бемориҳои ВНМО/ БПМН роҳандозӣ шудааст.
Тавре корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Каримҷон Салимзода ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ҳамоиши «Мо тарафдори солимӣ» аз се қисмат иборат мебошад. Дар қисмати аввал мутахассисони соҳа тренинги омӯзиширо бо фарогирии васеи ҷавонону наврасон ва сокинони шаҳри Душанбе доир менамоянд. Дар қисмати дуюм аксияи иттилоотӣ – тарғиботӣ бо тақсим намудани маводи тарғиботӣ баргузор мегардад.
Қисмати сеюми чорабинӣ аз намоиш додани филми тарғиботӣ — ташвиқотӣ иборат мебошад.
Ҳамоиши «Мо тарафдори солимӣ» соати 19:30 оғоз меёбад.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






