МУЪМИНОБОД: 1 км 350 метр роҳҳои ноҳия навсозӣ мегарданд
МУЪМИНОБОД, 07.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолоияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод роҳҳои дохилӣ ва роҳравҳо навсозӣ гардида, марҳилаи якуми он то охири моҳи августи соли равон ба итмом расонида мешавад.
Ба қавли муҳандиси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хайру Неъмат»-и шаҳри Кӯлоб Нуралӣ Тураев, тибқи лоиҳа роҳҳои дохилии ноҳия дар масофаи 1 км 350 м ва паҳноии 13 м навсозӣ гардида, бо новаи оҳану бетонӣ насб карда мешаванд. Ба гуфтаи манбаъ, маблағгузории роҳҳо аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, сари вақт бо маблағҳои зарурӣ таъмин мегарданд.
Айни ҳол 7 техникаи муосир ба кор сафарбар карда шуда, корҳои навсозиро аз марҳилаи якум шурӯъ кардаанд. Дар кори навсозии роҳҳо 15 нафар коргари маҳаллӣ фаъолият дошта, бо музди меҳнати саривақтӣ таъмин мебошанд.
Мавриди зикр аст, ки ноҳия дорои 169,2 км роҳ буда, аз ин шумора 26 километрашро роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 143,2 километрашро роҳҳои маҳаллӣ ташкил медиҳанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд






