ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои гарм боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 18.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво софу беғубор шуда, ҳарорат рӯзона ба 44 дараҷа мерасад. Дар ин гуна вазъи обу ҳаво ба сокинони кишвар тавсия дода мешавад, ки дар зери нурҳои офтоб зиёд нагарданд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар вилояти Суғд ҳаво камабри бебориш шуда, шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти шарқ 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +20+25 ва рӯзона +36+41 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, ҳарорат шабона +13+ 18 ва рӯзона +32 +37 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои софи бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +22 +27 ва рӯзона +40 + 44 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш шуда, ҳарорат шабона 18+23 ва рӯзона 37+42 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои софу беғубор шуда, шабона +19+21 ва рӯзона +40+42 дараҷа гарм мешавад.
Ба иттилои мутахассисони Агентӣ, ин гуна вазъи ҳаво дар ҷумҳурӣ то 21 июл идома хоҳад ёфт.








Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






