Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо Вазири корҳои хориҷии Фаластин Риёз Моликӣ мулоқот намуд

Июль 27, 2018 15:00

ДУШАНБЕ, 27.07.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо Вазири корҳои хориҷии Фаластин Риёз Моликӣ мулоқот намуд. Аснои вохӯрӣ ҷонибҳо аз рушди муносиботи ин ду давлати дӯст изҳори қаноатмандӣ карда, баҳри боз ҳам тақвият ёфтани ҳамгироӣ истифодаи имконоти ҷойдоштаро ба манфиати ҳарду ҷониб донистанд.

Сарвазири мамлакат зикр намуд, ки пас аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси сиёсати созандаву башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ Тоҷикистон дар самтҳои муҳим ҳамчун кишвари ташаббускор дониста шуда, баҳри беҳтар намудани муносиботи кишварҳои минтақа ва ҷаҳон имкониятҳо фароҳам овардааст.

Июль 27, 2018 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд