Шермуҳаммад Шоҳиён: «Воридшавии парвандаҳо ба судҳои ҷумҳурӣ кам гардидааст»
ДУШАНБЕ, 23.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар нимсолаи аввали соли 2018 аз ҷониби судҳои Тоҷикистон бештар аз 74 ҳазор парванда баррасӣ карда шудаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта камтар аст.
Дар ин бора раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён 23 июли соли 2018 зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Дар ин муддат ба марҳилаи якуми Суди Олӣ, судҳои вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳо дар маҷмӯъ 74 ҳазору 749 адад парвандаҳо ворид гардидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2895 адад кам мебошанд.
Аз шумораи парвандаҳои баррасигардида 7518 ададро парвандаҳои гражданӣ, 20 211 ададро парвандаҳои оилавӣ, 5530 ададро парвандаҳои ҷиноятӣ, 28 144 ададро парвандаҳои маъмурӣ ва 5267 ададро дархосту пешниҳодҳои мақомот ташкил медиҳанд.
Дар маҷмӯъ, аз ҷониби судҳои ҷумҳурӣ доир ба парвандаҳои судӣ ба фоидаи давлат ба маблағи умумии беш аз 31 миллион сомонӣ ва қариб 25 ҳазор доллари ИМА зарари ба давлат расонидашуда, ҷарима, боҷи давлатӣ ва дигар пардохтҳо рӯёнида шуданд.
Пас аз ҷамъбасти фаъолияти мақомоти судӣ дар шаш моҳи соли равон маълум гардид, ки дар ин давра баъзе судяҳо ба вайронкунии муҳлати баррасии парвандаҳо роҳ доданд. Инчунин баъзе қарорҳои ғайриқонунӣ қабулшуда аз тарафи судҳои болоӣ бекор карда шуданд. Барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар шашмоҳаи дуюми соли равон татбиқи як зумра корҳо дар назар аст.








Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид






