ШОҲМОТ ЧИСТ-ИЛМ, ВАРЗИШ, САНЪАТ ВА Ё БОЗӢ? Имрӯз-Рӯзи ҷаҳонии шоҳмот

Июль 20, 2018 15:27

ХОРУҒ, 20.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳашт сол қабл аз ин Ширкати барқии «Помирэнерҷӣ»-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ба таври озмоишӣ дар 14 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хоруғ  дарси шоҳмот роҳандозӣ намуд. Ҳарчанд мухолифони ин тарҳ дар миёни омӯзгорон зиёд буданд, аммо  бо мурури замон пас аз ширкати фаъоли кӯдакону наврасон дар маҳфилҳои шоҳмот ва ба даст овардани натиҷаҳои намоён дар  мусобиқаҳои шаҳрӣ, вилоятию ҷумҳурӣ онҳо  низ ин тарҳро дастгирӣ намуданд.

Ба гуфтаи ҷоизадори мусобиқаҳои вилоятию ҷумҳурӣ ва яке аз омӯзгорони фанни шоҳмот Алишер Мамадаёзов, «шоҳмот яке аз намудҳои қадимтарини варзишию зеҳнӣ  буда, дар асрҳои 5-6 дар Ҳиндустон, дар замони ҳукмронии шоҳаншоҳи форс Хусрав  аввал бо номи шатранҷ ва баъдан шоҳмот пайдо шудааст. Он имрӯз дар саросари олам бо ҳамин номи форсӣ, яъне шоҳмот маъруф аст. Ҳоло баҳси дигаре миёни коршиносони ин соҳа идома дорад, ки оё шоҳмот шомили соҳаи варзиш аст ё илму санъат ва ё як бозии тафреҳӣ мебошад.  Ба фикри ман, шоҳмот каме болотар аз варзиш аст. Шоҳмот бозии варзишӣ, тафреҳӣ- зеҳнӣ аст, ки дар худ ҳам хусусиятҳои маърифатӣ  ва ҳам унсурҳои илмӣ дорад. Барои ҳамин омӯзиши шоҳмот дар муассисаҳои таълимӣ барои кӯдакону наврасон хеле муфид аст. Аввал ин ки онҳо тарзи дурусти рақобат ва саъю талош бар рақибро ёд мегиранд. Кас ҳатто дар душвортарин вазъият сари тахтаи шоҳмот рӯҳафтода нест, ҳанӯз ҳам ба пирӯзии худ итминон дорад ва ба рақиби худ иҷозат намедиҳад, ки бар ҳоли ӯ ханда кунад.  Зеро ӯ ба ин набард омодагӣ дидааст».

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, шоҳмотбози асил қабл аз ҳар як бозӣ даҳҳо асарҳои илмию оммавӣ оид ба тахайюлу тафаккури мантиқӣ, таҳаммулпазирӣ, сабру тоқат, аз даст надодани инону ихтиёр, таҳлили вазъи кунунӣ ва дурнамои онро меомӯзад. Ба як сухан дар дохили шоҳмот тамоми унсурҳои зиндагии инсон нуҳуфта аст, ҳам неку ҳам бад, албатта, вобаста ба инсон, ки худро ҳангоми бозӣ чӣ гуна идора мекунад. Мақсад ин нест, ки дар оянда ҳамаи аъзои ин маҳфил шоҳмотбозони маълуму машҳур шаванд, балки ҳадаф он аст, ки шахсони ботаҳаммулу боандеша, ботадбиру боирода ба воя расанд. Аз ин рӯ ҷорӣ намудани дарси шоҳмот дар синфҳои ибтидоии муассисаҳои таълимӣ хеле муҳим ва судманд аст.

Омӯзгори дарси шоҳмот Алишер Мамадаёзов гуфт, ки давоми ҳашт соли фаъолият даҳҳо нафар аз шогирдонашон дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ бар ҳамсолони худ пирӯзӣ ба даст овардаанд. «Танҳо дар мусобиқаи охир, ки  моҳи майи соли равон  дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардид, аз 16 нафар шоҳмотбозони навраси вилоят 13 нафар ҷои аввал ва ду нафар ҷои дуюмро ишғол намуданд. Султоназар Худоназари 8-сола бар ҳамаи ҳамсолони худ аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе дастболо шуда, барои ширкат дар мусобиқаи ҷаҳонӣ байни наврасон аз намуди шоҳмот, ки  дар шаҳри  Ню-Йорки Амрико баргузор мегардад, роҳхат гирифт».

Ёдовар мешавем, ки Федератсияи байналмилалии шоҳмот соли 1924 таъсис ёфта, қароргоҳи  он дар кишвари Юнон мебошад. Алъон беш аз 100 давлати дунё аъзои ин федератсия мебошанд. Аз 29 сентябри соли 2010 роҳбарии ин федератсияро Илюмҷин Кирсанов бар дӯш дорад. Шиори ин федератсия «ҳамаи мо аъзои як оила» мебошад.

Аз моҳи июли соли 1966  ҳамасола дар саросари ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии шоҳмот таҷлил мешавад.

 

Файз МИРАСАН,
АМИТ «Ховар»

Июль 20, 2018 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид