Шуъбаи бемориҳои сироятии кӯдаконаи Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода метавонад қариб 3 000 нафар беморро қабул кунад

Июль 10, 2018 16:15

ДУШАНБЕ, 10.07.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз бо иштироки Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода шуъбаи Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода, ки мавриди таъмиру тармим қарор гирифта буд, ба истифода дода шуд.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд,  шуъбаи мазкур аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо  Оҷонсии  Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) аз таъмири куллӣ бароварда шуда, бо таҷҳизоти муосири тиббии замонавӣ ҷиҳозонида шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки то ба имрӯз қариб  300 000 нафар сокинони шаҳри Турсунзода, ки бевосита барои  гирифтани ёрии тиббӣ ба ин беморхона муроҷиат менамуданд, аз сабаби мавҷуд набудани таҷҳизоти тиббии замонавӣ дар ин муассиса танқисӣ мекашиданд.

Аз ин ба баъд бо муҳайё гардидани чунин шароити хуби хизматрасони тиббӣ ин мушкилии муроҷиаткунандагони беморхона бартараф гардид.

Акнун ходимони шуъбаи бемориҳои сироятии кӯдаконаи Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода имкон пайдо намуданд, ки хизматрасонии тиббӣ ба аҳолиро дар сатҳи баланд ба роҳ монда, ҳамасола қариб 3 000 нафар  беморро қабул намоянд.

Июль 10, 2018 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд