ТОҶИКИСТОН БИҲИШТИ РӮИ ЗАМИН АСТ! Эҳдо ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Июль 28, 2018 08:23

«Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ  дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру сайёҳат  мебошад»

Эмомалӣ Раҳмон

ДУШАНБЕ, 28.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар иртибот ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  ҷониби роҳбарияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, хусусан фарҳанги муоширати кормандони мақомоти гумрук, ки дар дидбонгоҳҳои гумрукӣ фаъолият менамоянд,  тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд,- гуфт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзаалӣ Шарифзода.

Дар ин росто, ӯ афзуд, ки дар тамоми дидбонгоҳҳои гумрукӣ дар асоси фармоиши Сардори Хадамоти гумрук телефони боварӣ насб ва фаъол карда шудааст, ки он ба таҳкими робитаҳои мақомоти гумрук бо иштирокчиёни фаъолияти иқтисоди хориҷӣ мусоидат менамояд.

Номбурда гуфт, ки ҳамарӯза дар дидбонгоҳҳои гумрукии назди сарҳадӣ барои вуруду хуруҷи садҳо нафар мусофирони давлатҳои ҳамҷавор хизматрасонии босифат анҷом дода мешавад.

Ба андешаи Сабзаалӣ Шарифзода, ҳангоми ташриф ва гусели меҳмонон, хусусан сайёҳони хориҷӣ нахуст онҳо бо кормандони Қӯшунҳои сарҳадӣ ва мақомоти гумрук рӯ ба рӯ мегарданд. Аз ин рӯ, сатҳи баланди хизматрасонӣ, одоби хуби муошират, муносибати нарм бо сайёҳон ва меҳмонони хориҷие, ки ба кишвари мо ташриф меоранд, рисолати ҳар як корманди мақомоти гумрук аст.  «Дар ин росто, месазад, ки мо гумрукчиён дар муносибат бо меҳмонони хориҷӣ ба саҳлангорӣ роҳ надиҳем, зеро гумрукро дарвозаи шаҳр мегӯянд ва рушди соҳаи сайёҳӣ аз муомила ва меҳмоннавозии хуби мо гумрукчиён низ вобастагии калон дорад»,- афзуд С. Шарифзода.

Бояд тазаккур дод, ки бо дасгтирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар кишварамон иншоотҳои муҳими бахши сайёҳӣ, назири Маҷмааи  лижаронию  сайёҳии  «Сафед-дара», истироҳатгоҳҳои  «Пули сангин», «Баҳористон», маҷмааи «СПА Ҳаёт» ва боз даҳҳо меҳмонхонаҳои панҷситорадори ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ бунёд гардида, як қатор инфрасохтори бахши сайёҳӣ таҷдид карда шуданд.

Соли 2018 эълон шудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби тамоми қишри ҷомеа хуш истиқбол гардид, зеро рушди соҳаи сайёҳӣ ин  ободии кишвар, бунёди инфрасохтор ва дигар иншооти  сайёҳӣ мебошад.

Дар доираи эълон гардидани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар партави  иқдомҳои бунёдкоронаи  Пешвои миллат мардуми  кишвар ба корҳои созандагӣ камари ҳиммат  бастаанд. Ҷараёни босуръати корҳои  бунёдкорӣ дар тамоми минтақаҳои  мамлакат, хосса дар пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе далели ин  гуфтаҳост.

Муовини аввали раиси Кумитаи рушди саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода мегӯяд, ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат  Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар роҳи рушди соҳаи сайёҳӣ қадами муассираст. Зеро  сарзамини Тоҷикистон дорои шароит ва имконоти беҳтарин барои рушди соҳаи сайёҳӣ мебошад, ки ба ин васила метавон иқтисодиёти кишварро таҳким бахшид.

Мавсуф афзуд, ки воқеан сарзамини Тоҷикистон дорои имкониятҳои бузурги сайёҳӣ аст, ки он дар минтақа беназир арзёбӣ мегардад. Кӯҳҳои сарбафалак,  обҳои мусаффо ва шифобахш, кӯлу чашмаҳо, табиати нотакрор ва кашфношуда, мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, ёдгориҳои бостонӣ, меваю сабзавоти аз лиҳози экологӣ тоза, дар як фасл тамошо намудани манзараҳои чор фасли сол, набототу ҳайвоноти нодир ва гиёҳҳои шифобахш қалби садҳо  сайёҳони  хориҷиро тасхир намудааст.

Аз ин ҷост, ки дар Тоҷикистон сайёҳии экологӣ, таърихӣ, фарҳангӣ,  кӯҳнавардӣ, шикор дар чор фасли сол мавҷуд  аст. Чунин иқлимро шояд мардумони дигар кишварҳои ҷаҳон орзу доранд.

Муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода мегӯяд, ки имтиёзҳои андозию гумрукие, ки Пешвои  миллат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод намуданд, таваҷҷуҳ ва ҳавасмандии соҳибкоронро барои фаъолият дар бахши сайёҳӣ ва рушди инфрасохтори соҳа афзун мегардонад.

Дар зарфи панҷ соли аввали фаъолияташон аз андози фоида озод кардани ширкатҳои навтаъсиси сайёҳӣ, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти таҷҳизот ва маводи сохтмони иншооти сайёҳӣ, аз ҷумла, меҳмонхона, осоишгоҳ ва истироҳатгоҳҳои табобатӣ, марказҳои сайёҳӣ ва дигар иншооти сайёҳӣ, ба андозаи 50 фоиз коҳиш додани меъёри пардохтҳои гумрукӣ барои воридоти автомашинаҳои нави сабукрав, низоми соддакардашудаи раводид барои шаҳрвандони 80 давлати хориҷӣ аз муҳимтарин тадбирҳоеанд, ки барои рушди бемайлони соҳа замина мегузоранд.

Мавриди зикр аст, ки масъалаи ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 январи соли 2018 фурӯши чунин мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шуданд. Дар ин раванд барои густариши соҳаи сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ бояд тамоми вазорату идораҳои дахлдор ва муассисаҳои олии ҷумҳурӣ саҳми сазовор дошта бошанд.

Мавсуф афзуд, ки дар ҳамбастагӣ бо пайравӣ аз иқдомҳои наҷиби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба имкониятҳои воқеӣ дар рушди соҳаи сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум саҳми босазо дошта бошем.

Бояд тазаккур дод, ки сарзамини Тоҷикистон барои сайёҳӣ кишвари ҷолиб буда, дар солҳои истиқлолияти давлатӣ беҳтарин ва бештарин имкониятҳоро барои сайёҳӣ соҳиб гашт ва тибқи иттилои шабакаҳои хабарии ҷаҳон мавқеи намоёнро касб намудааст. Аз ҷумла,

Маҷаллаи сайёҳии Бритониё «Вондер Ласт» («Wander Last») Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар радифи 10 кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон эълон кард. Нашрияи маъруфи Россия «Нэшнл Географик» («National Geographic») шоҳроҳи  Помири Тоҷикистонро ба рӯйхати 10 минтақаи зеботарини рӯйи дунё шомил намуд. Маҷаллаи «Топ 100» кӯҳҳои Помиро ба феҳрасти мавзеъҳои ҷолиб ворид кард.

Нашрияи «Индепендент» («The Independent») пойтахти Тоҷикистон –шаҳри Душанберо ба ҳайати даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯйи таъмини амнияти шабона эътироф кардааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон кишваре ҳаст, ки бахши сайёҳии он дар ҳолати рушд қарор дорад. Тоҷикистон дар раддабандии созмонҳои байналмилалӣ аз лиҳози имкониятҳои сайёҳии саргузаштӣ ва пиёдагардӣ ба даҳгонаи аввали кишварҳои беҳтарини ҷаҳон шомил шуда, мавқеи ҳафтумро касб намуд. Ҳамзамон, Депортаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба масъалаҳои сайёҳӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз мамлакатҳои барои сайёҳат бехатар арзёбӣ карда, шаҳрвандонашро ҷиҳати сафар  ба Тоҷикистон тавсия додааст.

Дар ҳошияи намоишгоҳи ҷаҳонии сайёҳии «Берлин — 2018» маросими супоридани ҷоизаи 100 самти беҳтарин пешоҳанги ҷаҳонӣ дар ҳифзи фарҳанги миллӣ, анъана ва ҷалби мардум ба соҳаи сайёҳӣ дар соли 2018 баргузор гардид ва минтақаи баландкӯҳи Бадахшони Тоҷикистон ба ин 100-гона ворид  шуда, дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ҷойи аввалро сазовор гардид.

Агентии «Тур Стар»-и Россия аз рӯи натиҷаҳои соли 2017 рӯйхати кишварҳои сайёҳии хориҷиро таҳия карда, кишвари маъруфтарини хориҷиро барои сайёҳони Россия дар соли 2017 муайян намуд. Дар  ин росто,  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба феҳристи 50 кишвари хориҷии барои сайёҳони Россия маъруфтарин ворид гардид.

Аз натиҷаҳои назарпурсии агентии таҳлилии «Топ Стар» — и Россия маълум шуд, ки пойтахти Тоҷикистон шаҳри — Душанбе ба қатори 10 шаҳри дар айёми баҳор барои сайёҳӣ муносиби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, яъне беҳтарин шаҳр дар айёми баҳорӣ эътироф шуд. Ҳамаи ин бозгӯи он аст, ки воқеан табиати сарзамини Тоҷикистон бо зебоиҳои дилфиребу нотакрораш,  мардуми меҳмоннавозаш ва фарҳанги  ғанию бостонаш қалби садҳо сайёҳони хориҷиро тасхир намудааст, танҳо дар зарфи шаш моҳи соли равон ба Тоҷикистон ташриф овардани  беш аз  520 ҳазор сайёҳи хориҷӣ шаҳодати гуфтаҳост.

 

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Июль 28, 2018 08:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар конфронси байналмилалӣ дар Чин иштирок намуд
«Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва бедор кардани эҳсоси ҳифзи марзу бум нақши муассир дорад», — бардошт аз ҳамоиш дар Кумитаи рушди сайёҳӣ
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Чиндао Бинҳайи Чин Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар Душанбе ҷаласаи даҳуми Шурои ҳамоҳангсози миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид
Имконоти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария муаррифӣ шуданд
ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
Хатсайрҳои сайёҳӣ бо мақсади шиносоӣ бо таърихи фаъолият ва корномаи давлатсозии Эмомалӣ Раҳмон ҷамъбаст шуданд
Дар Исфара оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар рушди сайёҳӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Федератсияи варзиши сайёҳии Тоҷикистон ҷаласаи ҳисоботӣ – интихоботӣ доир гардид
РОҒУН-ШАҲРИ ПИСАНДИДАИ МЕҲМОНОН. Дар нуҳ моҳ беш аз 7 ҳазор сайёҳони хориҷӣ ва дохилӣ ба тамошои он омаданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе хатсайрҳои сайёҳӣ ташкил гардиданд
Дар Кувайт зарфияти сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ гардид