Ҳукумати Германия ва ширкати «Помирэнерҷӣ» барои навсозии неругоҳи хурди Оқсуи ноҳияи Мурғоб 8,7 млн евро ҷудо карданд
ХОРУҒ, 20.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. То фарорасии ҷашни Истиқлолияти давлатӣ навсозии неругоҳи хурди барқии Оқсуи ноҳияи Мурғоб пурра ба анҷом расида, сокинони ин ноҳияи баландкӯҳ аз мушкилоти камбуди неруи барқ пурра раҳоӣ меёбанд. Ин неругоҳи хурди барқӣ дар гузашта ҳамагӣ 200 квт/соат қувваи барқ истеҳсол мекард ва мутобиқи реҷа, пас аз чор, баъзан панҷ соат он ба идораву муассиса ва хонаҳои сокинони маркази ноҳия интиқол меёфт.
Ба иллати сардии ҳаво дар ин ноҳия ягон намуди дарахт намерӯяд, то мардум бо он хонаҳояшонро гарм кунанд. Аз ин рӯ сокинони ноҳия ба сифати ҳезум аз решаи растании трескен истифода мебаранд, ки он ғизои асосии қутос ба шумор меравад. Дар сурати минбаъд решакан кардани ин растанӣ соҳаи қутоспарварӣ низ рӯ ба таназзул меорад.
Бинобар ин бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ду сол пеш ба таҷдиди пурраи ин неругоҳ шурӯъ намуданд.
Мутобиқи шартномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Германия бонки германии KFW барои навсозии ин неругоҳ 7,4 млн евро ҷудо кард. Сухангӯи ширкати «Помирэнерҷӣ» Абдулло Амонбеков гуфт, ки «бо мақсади бо сифати хуб ва сари вақт ба анҷом расондани таҷдиди неругоҳи «Оқсу» ширкати барқии «Помирэнерҷӣ», ки масъулияти сохтмони ин неругоҳро бар дӯш дорад, боз 1,3 млн евро илова намуд. Дар ин ноҳия асрҳо боз ду миллати бо ҳам бародар- тоҷику қирғиз бо ҳам дӯстона зиндагӣ мекунанд ва дар ғаму шодии ҳамдигар шарик мебошанд. Дар бунёди ин неругоҳ низ ин ду миллат аҳлона саҳм мегузоранд».
Ба гуфтаи Абдулло Амонбеков, неругоҳи қаблӣ аввали солҳои шастум бо тавоноии 500 киловат-соат неруи барқ бунёд ёфта буд, аммо бо сабаби кӯҳнаву фарсуда гаштани таҷҳизоташ солҳои охир ҳамагӣ 200 квт-соат барқ истеҳсол мекард. Баъди навсозӣ иқтидори барқистеҳсолкунии неругоҳ 8 баробар зиёд гардида, то ба 1,500 квт- соат расонда мешавад.
Баландии сарбанди ҳавзи сунъӣ 64 метр буда, паҳноии он 12 метрро ташкил медиҳад. Дарозии канали обгузар зиёда аз 3 км мебошад, ки рӯзҳои наздик сохтмони он пурра ба охир мерасад. Хатҳои интиқоли 04 ва 10-киловолтаи неруи барқ пурра иваз карда шуданд.











Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






