Вазири нақлиёти ҶТ Х. Худоёрзода: «Дар ним сол 38 миллион тонна бор тавассути намудҳои гуногуни нақлиёт интиқол ёфтааст»
ДУШАНБЕ, 18.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки «дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 шоҳроҳи байналмилалӣ, ки ба созмонҳои ҳамкории иқтисодии минтақавӣ, созмонҳои осиёии шоҳроҳӣ ва шоҳроҳҳои ТРАСЕКА тааллуқ доранд, мавҷуд мебошанд. Нақши ин шоҳроҳҳо дар рушди иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба кишвари воҳид табдил додани мамлакат хеле муассир аст».
Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо натиҷагирӣ аз фаъолияти соҳаи нақлиёти мамлакат дар шаш моҳи аввали соли равон зикр кард, ки дар ин муддат тавассути ҳамаи намудҳои нақлиёт 38 миллион тонна бор интиқол дода шудааст, ки дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,4 фоиз зиёд аст. Аз ҳаҷми умумии боркашонӣ беш аз 34 миллион тонна бо нақлиёти автомобилӣ, 2,6 миллион тонна бо нақлиёти роҳи оҳан ва тавассути нақлиёти ҳавоии ватанӣ қариб 800 тонна молу маҳсулот интиқол дода шудаанд.
Инчунин зикр шуд, ки алҳол дар бозори хизматрасониҳои нақлиёти автомобилӣ беш аз 1400 адад субъектҳои хоҷагидор фаъолият доранд, ки аз ин 214 ададашро корхонаҳои нақлиётӣ, 49 ададро терминалҳои мусофирбарӣ, 11 ададро терминалҳои боркашонӣ, 1054 ададро нуқтаҳои хизматрасонии техникию таъмири воситаҳои нақлиёт ва 84 ададро қароргоҳҳои нақлиётӣ ташкил медиҳанд.
Ҳамзамон дар мамлакат 832 хатсайрҳои мусофирбар фаъолият доранд, ки 163-тои он шаҳрӣ, 544-ададаш наздишаҳрӣ, 123 адад байнишаҳрӣ ва ва ду адад хатсайрҳои мусофирбари байналмилалӣ мебошанд.
Зикр шуд, ки соҳаи нақлиёт дар таъмини рушди устувори иқтисодиёти мамлакат нақши калидӣ дошта, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ яке аз се ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.








Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид






