Вазорати фарҳанг, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд

Июль 27, 2018 08:16

ДУШАНБЕ, 27.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз,  27 июл оид ба ҷамъбасти  фаъолият дар шаш моҳи аввали соли 2018 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 Вазорати фарҳанг, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш. Душанбе,  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н. Варзоб, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш. Душанбе соати 9 дар толори ММҶ «Ховар» гузаронида мешавад.

Роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ соати 10 бо намояндагони ВАО дар маҷлисгоҳи бинои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мулоқот мекунад.

Нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н. Варзоб соати 10 дар бинои маъмурии Мақомоти мазкур гузаронида мешавад.

Нишасти матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ соати 11 дар толори ММҶ «Ховар» гузаронида мешавад.

Роҳбарияти Вазорати фарҳанг соати 14 дар дар толори ММҶ «Ховар» нишасти матбуотӣ баргузор мекунад.

Нишасти матбуотии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода соати 9 дар маҷлисгоҳи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода баргузор мегардад.

Вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо аз натиҷаҳои фаъолият дар нимаи якуми соли ҷорӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуда, оид ба бурду бохти соҳа, муваффақият ва мушкилоти ҷойдошта, роҳҳои бартараф кардани онҳо мулоҳизаҳои худро изҳор мекунанд ва ба саволҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма ҷавоб мегӯянд.

Хотиррасон мекунем, ки тибқи дастури Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» ҷиҳати дар толори Маркази матбуотӣ гузаронидани онҳо мувофиқа мекунанд (хиёбони Рӯдакӣ, 40, ошёнаи 2, телефонҳои 918-21-52-04, 888-08-34-33, 221-30-15).

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» www.khovar.tj  бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

Июль 27, 2018 08:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 феврал дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид