ВКД ХАБАР МЕДИҲАД: Ҷинояткор дастгир гардид

Июль 29, 2018 21:30

ДУШАНБЕ, 29.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем,  29 июли соли 2018, соати 15.30-дақиқа, велосипедронони хориҷӣ дар ҳайати 7 нафар ҳангоми ҳаракат дар минтақаи ҷамоати Себистони ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон аз тарафи ронандаи нақлиёти ба тафтишот номаълум пахш карда шудааст ва ронандаи гунаҳгор аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар деҳаи Торбулоқи ҷамоати Лоҳури ноҳияи Данғара нақлиёти ба ҷинояткор тааллуқдошта, тамғаи Леганза рақами давлатияш 74-98 ВН 03, ки ба шаҳрванд Юсупов Ҷаъфариддин Садриддинович, соли таваллудаш 11.01.1997, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Норак кӯчаи Борбад 44, тааллуқ дорад, дарёфт гардид.  Осебҳои мошин аз он шаҳодат медиҳанд, ки автомашинаи мазкур ба ин ҷинояти содиршуда мансуб мебошад.

Барои дастгир намудани ҷинояткор ва 3 нафаре, ки бо ӯ ҳамроҳӣ доштанд, ҳамаи чораҳои зарурӣ аз ҷониби бригадаи тафтишотӣ андешида шуда истодаанд.

Дар минтақаҳои наздик ба ин мавзеъ — Сарбанд, Бохтар, Вахш, Панҷ чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.

Дар мавзеи деҳаи Торбулоқ шахсони ҷиноятсодирнамуда муайян гардида, 1 нафар дастгир ва 2 нафар ҳангоми муқобилият намудан нобуд карда шуданд.

Барои дастгир намудани дигар шарикони ҷинояткор чораҳо андешида шуда истодаанд.

Июль 29, 2018 21:30

Хабарҳои дигари ин бахш

35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»