«ЯКҶОЯ ҲАЛ МЕКУНЕМ!»-ҳамоиши ҳизбӣ дар вилояти Хатлон

Июль 4, 2018 13:00

ДУШАНБЕ, 04.07.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзо, фаъолон ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар саросари кишвар, аз ҷумла, вилояти Хатлон омодагии ҷиддӣ гирифта, сокинони   вилоятро барои боз ҳам бештар ободу зебо кардани ватанамон раҳнамоӣ ва сафарбар менамоянд.

Тавре аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар вилояти Хатлон ба АМИТ “Ховар” хабар доданд,  дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар вилоят ба хотири  ҳалли мушкилоти мардум, таъмиру тармим ва сохтмони роҳу пулҳо,   бунгоҳҳои тиббӣ, ҳаммом, майдончаҳои варзишӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва сабзу хуррам гардонидани маҳалли зист бо истифода аз неруи аъзо, фаъолон, ҷонибдорон ва сокинони маҳал ҳамоиши  тарғиботӣ-амалии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» эълон гардид.

Дар доираи ҳамоиши ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон вазифадор мегарданд, ки зимни вохӯриҳо  бо мардум дар маҳал масъалаи сафарбар кардани аҳолӣ ба созандагиву бунёдкорӣ, фаъол гардонидани онҳо дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоии мавҷуда тариқи дуруст сафарбар намудани корҳои хайру сахо, инчунин дарёфти ҳалли масъалаҳои бекорӣ ва фаро гирифтани сокинон ба шуғлро дар заминаи рушди хоҷагидорию соҳибкорӣ, корҳои хонагию ҳунарҳои мардумӣ тарғиб намуда, бо истифода аз қувваи фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ҳалли амалии мушкилоти мавҷуда саҳми бевосита гузоранд.

Бояд гуфт, ки сохторҳои ҳизбии вилоят дар нимаи аввали соли 2018 дар ҳудуди деҳаву маҳаллаҳо бо сокинон қариб се ҳазор суҳбату  мулоқот баргузор намуда, дар самти дуруст сафарбар кардани корҳои хайру сахо ба хотири ҳалли проблемаҳои мавҷудаи ҷамъиятӣ ва амалӣ гардонидани корҳои созандагию бунёдкорӣ ба хотири рушди кишвар заминаи мусоид мегузоранд.

 

 

Июль 4, 2018 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад