Зариф Ализода: «Муроҷиати шаҳрвандон нисбат ба солҳои қаблӣ кам гардида, сатҳи маърифати ҳуқуқии онҳо боло рафтааст»
ДУШАНБЕ, 19.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Муроҷиатҳои шаҳрвандон ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли равон нисбатан кам гаштааст, ки ин аз боло рафтани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони мо шаҳодат медиҳад. Яъне, шаҳрвандон пештар барои хурдтарин масъалаҳои ба мо вобаста набуда ҳам муроҷиат мекарданд ва мо онҳоро ба дигар мақомот роҳнамоӣ мекардем. Имрӯз онҳо оид ба ин масъалаҳо огоҳӣ доранд ва медонанд, ки бевосита ба куҷо бояд муроҷиат намоянд.
Ин нуктаро имрӯз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Зариф Ализода зимни нишасти матбуотии ин ниҳод баён дошт.
Ба гуфтаи Зариф Ализода, дар ин муддат дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 1691 муроҷиат, ки соли сипаргардида 2262 ададро ташкил медоданд, ба қайд гирифта шудаанд. Ин муроҷиатҳо бештар ба масъалаҳои ҳуқуқ ба муҳокимаи одилонаи судӣ, ҳуқуқи инсон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳуқуқ ба таъмини иҷтимоӣ (алимент) вобаста мебошанд.
Дар масъалаи хариду фурӯши кӯдакон Ваколатдор зикр намуд, ки ин омил дар мо вуҷуд дошта, яке аз сабабҳои асосии он нодуруст ба роҳ мондани раванди писархондӣ ва духтархондии фарзандон мебошад. «Чанд ҳодисае ба қайд гирифта шудаанд, ки ин равандро ба таври нодуруст ба расмият медароранду дар натиҷа ин омил ба вуҷуд меояд. Ҳастанд ҳолатҳое, ки баъзе нафарон баъди таваллуди фарзанд ба миқдори муайяни маблағ тифлони худро мефурӯшанд».
Барои пешгирии ин амалҳо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак бо комиссияҳои ҳуқуқи кӯдак, ки дар маҳаллаҳо кор мебаранд, пайваста тадбир меандешанд.








Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд






