110 нафар варзишгарони тоҷик барои иштирок дар Бозиҳои 18-уми тобистонаи Осиё ба Ҷакарта сафар мекунанд
ДУШАНБЕ, 09.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ маросими гусели варзишгарони тоҷик ба 18-ум Бозиҳои тобистонаи Осиё доир мегардад.
Тавре дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, аз 18 август то 2 сентябри соли равон дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Ҷумҳурии Индонезия 18-ум Бозиҳои тобистонаи Осиё баргузор мегардад. Дар он иштироки 10 ҳазор варзишгар аз 45 давлати қораи Осиё дар назар дошта шуда шудааст.
Дар барномаи бозиҳо 40 намуди варзиш ворид шуда, дастаи яккачини Тоҷикистон дар 15 намуди он аз қабили футбол (бонувон) – 18 нафар, варзиши сабук – 6 нафар, ҷиу-ҷитсу – 3 нафар, кураш – 8 нафар, самбо – 4 нафар, шиноварӣ – 5 нафар, таэквондо (ВТФ) – 3 нафар, дзюдо – 8 нафар, вазнбардорӣ – 1 нафар, гӯштини озод ва юнонӣ-римӣ – 9 нафар, камонварӣ – 3 нафар, бокс – 4 нафар, қайиқронӣ – 6 нафар, каратэ – 4 нафар ва тирандозӣ – 4 нафар иштирок ва шарафи варзиши ҷумҳуриро ҳифз менамоянд.
Мавриди зикр аст, ки дар таърихи варзиши Тоҷикистон бори нахуст дар чунин сатҳ шумораи умумии дастаи мунтахаб зиёда аз 110 нафарро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






