Ашурбой СОЛЕҲЗОДА: «Буҷети давлатӣ дар понздаҳ соли охир характери иҷтимоӣ пайдо намудааст, ки аз татбиқи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат доир ба таъмини сатҳу сифати баланди зиндагии мардум бармеояд»

Август 15, 2018 15:23

ДУШАНБЕ, 15.08.2018/. АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 14 августи соли 2018 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» ба тасвиб расид. Дар робита ба Фармони мазкур АМИТ «Ховар» бо коршиноси масоили иқтисодӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ Ашурбой СОЛЕҲЗОДА суҳбат намуд.

АМИТ «Ховар»: Тавре маълум аст, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишварро дар сиёсати иқтисодии давлат яке аз афзалиятҳои аввалиндараҷа муайян намудаанд. Вобаста ба ин дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ масъалаи зиёд намудани маоши амалкунандаи кормандони соҳаи буҷетиро ироа намуда, зикр доштанд, ки музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷети аз 1 сентябри соли 2018 аз 10 то 15 фоиз зиёд карда мешавад. Лутфан мегуфтед, ки маблағи муайяншуда аз кадом ҳисоб ё кадом сарчашма таъмин мегардад?

Ашурбой Солеҳзода: Маблағгузории зиёдшавии музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия дар 4 моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фонди музди меҳнат ва таъминоти нафақа пешбинишуда, маблағҳои бақияи озод, иҷрои барзиёдии даромади буҷетҳои ҷумҳуриявӣ, маҳаллӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, инчунин аз ҳисоби сарфаи дигар моддаҳои хароҷот ва маблағҳои махсуси муассисаҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ пурра таъмин карда мешавад.

Маблағгузории зиёдшавии музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ, нафақа ва стипендия дар соли 2019 дар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатӣ барои соли 2019» пешбинӣ карда шуда, ҳамзамон дар самтҳои асосии сиёсати молиявӣ ва буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои минбаъда ба инобат гирифта шудааст.

АМИТ «Ховар»: Вобаста ба болоравии кадом нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва даромади буҷети давлатӣ тасмими зиёд намудани музди маош ва нафақа гирифта мешавад?

Ашурбой Солеҳзода: Татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат пешбинӣ менамояд, ки вобаста ба  рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ва афзоиши маҷмӯи нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ сол то сол музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендияҳо зиёд карда шавад, то ки сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар боз ҳам беҳтар гардад.

Тибқи қонунгузории амалкунанда шакл, низом ва андозаи музди меҳнати кормандони ташкилотҳои аз буҷети давлатӣ маблағгузоришавандаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, андозаи ҳадди аққали музди меҳнат, ҳадди аққал ва ҳадди ниҳоии нафақаро аз рӯи синну сол   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар  менамоянд.

Вобаста ба афзоиши қисми даромади буҷети давлатӣ ва рушди иқтисодӣ мунтаззам бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадди аққали музди меҳнат ва маоши вазифавии кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия баланд бардошта мешавад.

Ду сол пеш тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия», таҳти №697, аз 6 июни соли 2016 ҳадди аққали музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ 60 фоиз зиёд карда шуда, андозаи он 400 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шуда буд. Ҳамзамон, маоши вазифавии кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия аз 15 то 30 фоиз баланд гардид.

Дар байни ду сол рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар таъмин гардида, сатҳи даромади аҳолӣ дар соҳаҳои иқтисодии кишвар афзоиш ёфт.

Ҳамзамон ҷамъбасти соли 2016 нишон дод, ки суръати рушди иқтисодӣ дар сатҳи 6,9 фоиз ва соли 2017 дар сатҳи 7,1 фоиз таъмин гардида, қисми даромади буҷети давлатӣ, мутаносибан 18,4 ва 19,6 миллиард сомониро ташкил дод. Ҳамзамон, ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ дар соли 2018 ба маблағи 21,3 миллиард сомонӣ муайян карда шуд, ки ин нисбат ба нақшаи даромади буҷети соли 2017 ба андозаи  7,3 фоиз зиёд мебошад.

Иҷрои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии кишвар имкон дод, ки бо иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маоши вазифавии кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия баланд бардошта шавад.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия», №1084 аз 14 августи соли 2018 маоши вазифавии кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия аз 10 то 15 фоиз баланд гардид.

Ҳамзамон, аз рӯи нишондиҳандаи меъёри тавваруми солона, ки дар соли 2017 6,7 фоизро ташкил намуд, қисми суғуртавии нафақаҳои суғуртавии нафақагироне, ки ба онҳо дар асоси шарт ва меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» то 1 январи соли 2018 нафақа таъйин карда шудаааст ва кор намекунанд ва сармояи шартии нафақавии шахсони суғурташуда барои соли 2017 ба ҳамон меъёри тавварум, яъне 6,7 фоиз индексатсия карда шуд.

АМИТ «Ховар»: Вобаста ба марҳилаи нави зиёдшавии музди меҳнат, аз ҷумла музди меҳнати кормандони соҳаи маориф, дар муассисаҳои томактабӣ музди меҳнати мудирон, ки то кунун ба  546 сомонӣ баробар буд,  ҳамакнун ба чӣ андоза расонида хоҳад шуд ва дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бошад музди меҳнати директорон ба 700 сомонӣ баробар буд.  Акнун ин нишондиҳанда чӣ қадар хоҳад шуд? Инчунин барои муаллимони муассисаҳои таҳсилоти умумие, ки сарбории роҳбарони синфӣ, мудири кабинет ва тафтиши дафтарро ба уҳда доранд, вобаста ба маоши вазифавии онҳо тағйирот, яъне зиёдшавии маош дар кадом андозаҳо пешбинӣ карда мешавад?

Ашурбой Солеҳзода: Дар тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти махсуси зиёдшавии маоши вазифавӣ, андозаи нафақа ва стипендия ба таври муфассал шарҳ дода шудааст. Аз 1 сентябри соли 2018 ба ҳисоби миёна маоши вазифавии мураббиёни кӯдакистон ва боғчаҳои кӯдакона аз 634 сомонӣ ба 729 сомонӣ, мудирони ин муассисаҳо аз 546 сомонӣ ба 628 сомонӣ, муаллими тахассуси дараҷаи олӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз 779 сомонӣ ба 896 сомонӣ, директорони ин муассисаҳо аз 700 сомонӣ ба 805 сомонӣ расонида мешавад. Ҳамзамон меъёри иловапулиҳо ба маоши вазифавии муаллимони муассисаҳои таҳсилоти умумие, ки сарбории роҳбарии синфӣ ва мудири кабинетро ба уҳда доранд ва инчунин тафтиши дафтарро мегузаронанд, мутаносибан андозаи 10, 15 ва 20 фоизро ташкил медиҳад. Бо дарназардошти чунин иловапулиҳо маоши муаллими дорои тахассуси дараҷаи олии маълумоти олии касбӣ   аз 1 сентябри соли ҷорӣ 1360 сомониро ташкил медиҳад.

АМИТ «Ховар»: Гуфта метавонед, ки маоши вазифавии кормандони соҳаи фарҳанг ва варзиш, инчунин соҳаи илм ва андозаи идрорпулии толибилмону донишҷӯён ва аспирантон чӣ қадар афзоиш меёбад?

Ашурбой Солеҳзода: Музди меҳнати кормандони соҳаи илм, фарҳанг, варзиш, ҳифзи иҷтимоӣ ва соҳаҳои воқеии иқтисодиёт аз 1 сентябри соли 2018 ба андозаи 15 фоиз зиёд карда мешавад.

Аз 1 сентябри соли ҷорӣ музди меҳнати моҳонаи вазифавии ҳунарманди дараҷаи олии театрҳо ба 1393 сомонӣ, роҳбалади осорхонаҳо ва муҳаррири муассисаҳои матбуоти даврӣ ба 919 сомонӣ ва мудири китобхонаи ноҳия ба 1110 сомонӣ баробар мегардад.

Маоши вазифавии сарходими илмии институтҳои Академияи илмҳо, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Академияи илмҳои тиб ва Академияи таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоби миёна бо дарназардошти унвони илмӣ ба 1982 сомонӣ ва сарходими илмии муассисаҳои дигари соҳаи илм ба 1289 сомонӣ расонида мешавад.

Мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёдшавии андозаи стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба андозаи 15 фоиз муайян карда шуда, стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишҷуён аз 819 сомонӣ ба 942 сомонӣ ва аспирантони муассисаҳои олӣ ва илмӣ аз 983 сомонӣ ба 1130 сомонӣ расонида мешавад.

Стипендияҳои донишҷуёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ бошад, ба ҳисоби миёна аз 103 сомонӣ ба 118 сомонӣ ва барои донишҷӯёни аълохони муассисаҳои олии касбӣ аз 181 сомонӣ ба 208 сомонӣ, муассисаҳои миёнаи касбӣ аз 130 сомонӣ то 150 сомонӣ расонида мешавад.

АМИТ «Ховар»: Дар  маҷмӯъ он маблағҳое, ки барои тамоми соҳаҳои буҷетӣ равона карда мешаванд,  чӣ андозаро дарбар мегиранд?

Ашурбой Солеҳзода: Барои  амалӣ намудани зиёдшавии музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, стипендия ва нафақаҳои суғуртавию иҷтимоӣ аз рӯи андозаҳои дар Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикргардида дар чор моҳи соли 2018 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа,  тибқи ҳисобҳои пешакӣ, 400 миллион сомонӣ равона карда мешавад.

Маблағҳои зикргардида дар буҷети давлатии соли 2018,   аз ҷумла дар буҷети ҷумҳуриявӣ, буҷетҳои як қатор вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо пешбинӣ гардида, маблағгузории зиёдшавии музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия дар чор моҳ таъмин карда мешавад.

Инчунин иҷроиши барзиёди даромади буҷетҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва сарфаи хароҷотҳо низ, пеш аз ҳама, ба ин мақсад равона карда мешаванд.

АМИТ «Ховар»: Тавре дар Парлумони кишвар зимни баррасии буҷети соли 2018 масъулини Вазорати молия  зикр намуда буданд, наздик ба 10 миллиард сомонӣ дар буҷети давлатӣ ба бахши иҷтимоӣ равона карда мешавад, ки 50 фоизи буҷети умумиро дарбар мегирад. Дар ҳамин маврид чанд нуқтаи муҳимро қайд мекардед ва мегуфтед, ки хароҷоти буҷети давлатӣ дар соли 2018 бо кадом мақсад ва ба кадом соҳаҳои муҳим нигаронида шудааст?

Ашурбой Солеҳзода: Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар понздаҳ соли охир характери иҷтимоӣ пайдо намудааст, ки аз татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру таъкидҳояшон доир ба таъмини сатҳу сифати баланди зиндагии мардуми кишварамон бармеояд.

Бинобар ин, дар самти таҳия ва қабули буҷети давлатӣ ҳамасола ба равона намудани маблағҳо ба соҳаҳои иҷтимоӣ диққати махсус дода мешавад. Буҷети давлатӣ барои соли 2018 дар асоси натиҷаҳои иҷрои буҷети давлатӣ дар солҳои 2015-2017 ва дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ барои солҳои 2018-2020 таҳия ва  тасдиқ гардидааст.

Вобаста ба ин, сиёсати буҷету андоз дар соли 2018, пеш аз ҳама, барои таъмини иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии давлат, яъне пардохти музди меҳнати кормандони муассисаҳои буҷетӣ, нафақа, кумакпулӣ, стипендияҳо ва уҳдадориҳои дигари иҷтимоии давлат, ҳамзамон барои рушди соҳаҳои маорифу илм, фарҳанг, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ равона гардид.

Дар баробари ин буҷети давлатӣ дар соли 2018 ба афзалиятҳои муҳими давлатӣ, аз ҷумла барои таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ бахшидани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ мубаддал гардонидани он, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмин намудани шуғли пурмаҳсул ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ нигаронида шудааст, ки дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дарҷ ёфтаанд.

Сайрам БАҚОЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Август 15, 2018 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода