Бонки миллии Тоҷикистон ба «Юнистрим», «Золотая корона» ва «Сontact» иҷозати фаъолияти сесола дод
ДУШАНБЕ, 31.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Се оператори низоми пардохтии бонкӣ барои фаъолияти сесола аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатнома ба даст оварданд. Иҷозатномаҳои мазкур бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) аз 30 августи соли равон ба Ҷамъияти саҳҳомии бонки тиҷоратии «Юнистрим», Ташкилоти қарзии ғайрибонкии ҳисоббаробаркунии «Платежный Центр» ва Ҷамъияти саҳҳомии «Киви Бонк» дода шуд.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Бонки миллӣ хабар доданд, идораи низоми пардохтҳо вазифадор гардид, ки дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ сабти дахлдор ворид намояд.
Бояд гуфт, ки феълан низоми пардохтии байналмилалии интиқоли маблағҳои «Юнистрим» дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасонии интиқоли маблағҳоро тавассути 13 ташкилоти қарзии ватанӣ пешниҳод менамояд.
Низоми пардохтии «Золотая корона» бошад ба феҳрасти низомҳои пардохтии дорои аҳамияти иҷтимоидоштаи Россия ва Қазоқистон дохил карда шуда, тавассути зиёда аз 550 бонк ва ширкатҳои Россия, кишварҳои ИДМ ва дигар давлатҳои хориҷӣ хизматрасонӣ менамояд.
Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ТҚҒҲ «Платежный Центр» хизматрасонии интиқоли маблағҳоро дар асоси шартнома бо 25 ташкилоти қарзии ватанӣ пешниҳод намуда, дар бозори хизматрасонии интиқоли маблағҳо мавқеи аввалро ишғол менамояд.
Инчунин низоми пардохтии «Contact» дар баробари хизматрасонии интиқоли маблағҳои пулӣ бе кушодани суратҳисобҳо имконият медиҳад, ки маблағҳои пулиро инчунин ба суратҳисобҳо, кортҳои пардохтии бонкии низомҳои пардохтии байналмилалии VISA, Masterсard, Мир, UnionPay, American Express, Diners Club International, низомҳои пардохтии миллии давлатҳои хориҷи наздик интиқол намоянд. Низоми пардохтии «Contact» дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасонии интиқоли маблағҳоро тавассути 19 ташкилоти қарзии ватанӣ пешниҳод менамояд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






