Фатҳиддин Усмонзода: «Имсол нисбат ба соли гузашта омӯзгорон аз Россия зиёдтар ба Тоҷикистон меоянд»

Август 31, 2018 15:13

ДУШАНБЕ, 31.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар Тоҷикистон 1 сентябр ба унвони Рӯзи дониш таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат дар ин  рӯз чун анъана дар тамоми муассисаҳои таҳсилотӣ ҷамъомади идона баргузор шуда, рӯзи нахустини соли нави таҳсил бо Дарси сулҳ оғоз меёбад. Дар остонаи Соли нави таҳсилӣ шореҳи АМИТ «ХОВАР»  Хуршеди Ховар бо  муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Фатҳиддин Усмонзода суҳбат намуд.

АМИТ «Ховар»: Омодагиҳо ба соли нави таҳсили 2018 – 2019 чӣ гуна аст. Имсол Дарси сулҳ дар куҷо ва чӣ гуна мегузарад?

Фатҳиддин Усмонзода:  Омодагӣ ба соли нави таҳсил маъракаест, ки дар тамоми сол сурат мегирад ва имсол низ омодагиҳо дар ин замина  доштем ва санҷишҳое, ки сурат гирифт, гувоҳи он аст, ки муассисаҳои таълимӣ ба соли нави таҳсил омода ҳастанд. Қариб, ки ҳамасола Дарси сулҳ дар яке аз муассисаҳои таҳсилотӣ бо ширкати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Имсол дар назар аст, ки Дарси сулҳ дар Донишгоҳи  давлатии тиббии Тоҷикистон баргузор шавад. Ин як имконияти хуб аст, зеро Роҳбари давлат дар оғози соли нави таҳсил дар бораи бурду бохти соҳа суханронӣ менамоянд ва нисбат ба соли дар пешистода дар назди Ҳукумат, алалхусус Вазорати маориф ва илм вазифагузорӣ мекунанд. Ин анъанаи хуб аст ва тамоми донишҷӯёну шогирдони мактаб аз ин дарс баҳравар мешаванд.

АМИТ «Ховар»: Имсол чӣ теъдод кӯдакон ба синфи аввал мераванд?

Фатҳиддин Усмонзода:  Шумораи дақиқи мактаббачагони синфи якумро моҳи октябр муайян мекунем. Аммо тибқи маълумоти пешакӣ, имсол зиёда аз 240 ҳазор нафар синфҳои як аст, ки нисбат ба соли гузашта 15 ҳазор зиёд мебошад. Танҳо дар моҳи август зиёда аз 220 ҳазор кӯдакони синфи якум ба дарсҳои омодагӣ фаро гирифта шуданд. Ин имконият медиҳад, то кӯдакон ба дарсҳо ошноӣ ва омода бошанд. Дар назар дошта шудааст, ки то 1 сентябр қариб 90 иншооти мактабӣ сохта ва ба истифода дода шавад. Ин иншоот бо ҳама таҷҳизоти замонавӣ: мизу курсӣ ва дигар воситаҳо таъмин мегарданд. Ин ба беҳтар шудани таълими хонандагон асар хоҳад кард.

АМИТ «Ховар»: Сару либоси мактабӣ аз мавзӯъҳоест, ки бо оғози соли нави таҳсил матраҳ аст. Дар ин замина чӣ пешравиҳо аст?

Фатҳиддин Усмонзода:  Дар масъалаи либосҳои мактабӣ дастурамали либосҳои мактабӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илм омода шудааст. Мактабҳо низ дар асоси ин дастурамал либосҳои тавсиявӣ барои хонандагони худ интихоб мекунанд. Инҷо муҳим он аст, ки хонандагон бо либосҳои истеҳсоли ватанӣ таъмин карда шаванд. Соли равон бо супориши Ҳукумати Тоҷикистон нақшаи дархости либосҳои мактабӣ таҳия гардид ва ин 60 дар сади хонандагонро дар бар мегирад. Ҳамасола мебинем, ки сифати либосҳои истеҳсоли ватанӣ беҳтар мешавад ва ин чиз низ падару модар ва хонандагонро барои хариди либос ҳавасманд мекунад.

АМИТ «Ховар»: Соли гузашта теъдоде  аз омӯзгорони забони русӣ аз Россия ба Тоҷикистон омаданд. Инҳо ҳанӯз дар Тоҷикистонанд ва ин таҷриба чӣ самара дод?

Фатҳиддин Усмонзода:  Албатта, дар муддати як сол дар бораи самари ин таҷриба гуфта наметавонем, аммо ин таҷрибаи хуб аст. Чун омӯзгороне, ки омадаанд, барандаи забони русӣ ҳастанд ва барои хонандагони мо манфиатовар мебошанд. Бояд таъкид кард, ки теъдоди омӯзгороне, ки имсол ба Тоҷикистон меоянд, нисбат ба соли гузашта бештар аст.

АМИТ «Ховар»:  Оё дар мактабҳои Тоҷикистон барои омӯзгори мактаб кор кардан, ҳатман хатмкардаи донишкадаву донишгоҳи омӯзгорӣ будан зарур аст?

Фатҳиддин Усмонзода:  Тибқи қонунгузории амалкунанда, нафаре омӯзгор шуда метавонад, ки маълумоти педагогӣ дорад. Мо дар мактабҳо як гурӯҳ омӯзгороне дорем, ки педагог нестанд, одатан ба чунин омӯзгорон пешниҳод карда мешавад, ки таҳсилоти педагогӣ гиранд.

АМИТ «Ховар»: Мушкилоти дигаре, ки соҳаи маориф, бахусус мактабро домангир аст, ин таъмири мактабҳо ва дар ин замина ҷамъ кардани пул аз талабагон аст…

Фатҳиддин Усмонзода:  Бо супориши бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе тамоми мактабҳои шаҳр аз ҳисоби буҷети шаҳр таъмир карда мешаванд. Дигар раисони шаҳру вилоят низ ин пешниҳодро ҷонибдорӣ кардаанд. Аммо қонунгузорӣ эҳсонкориро низ иҷозат медиҳад. Шахсони алоҳида ба шакли эҳсонкорӣ метавонанд иқдом гиранд, ягон мактабро таъмир кунанд ва бунёд кунанд. Аз шумораи сохтмонҳо қариб 50 дар сад, яъне 46 адади муассисаҳо аз ҷониби соҳибкорон ё ба шакли ҳашар сохта шудааст ва ин ҷо ягон иқдоми маҷбурӣ нест.

АМИТ «Ховар»: Фикр мекунам, ки имрӯз мо мушкилии бинои мактаб надорем ё ҳанӯз ҳам мактабҳои вагонӣ ва кӯҳна вуҷуд доранд?

Фатҳиддин Усмонзода:  Тибқи оморҳои расмӣ, дар давраи истиқлолият зиёда аз 2600 мактаб таъмир ва ё аз нав сохта шудааст. Яъне ҳудуди 60 – 65 дар сади мактабҳоро аз нав сохтем. Мушкилот дар он ҳолат пайдо мешавад, ки дар баъзе ноҳияҳо мардум дар маҳаллаҳои нав сокин мешаванд ва онҳо ба мактаб ниёз доранд..

Бо дастгирии Пешвои миллат мунтазам барои сохтмони мактабҳо маблағҳо ҷудо мешавад. Танҳо дар соли 2017 ҳудуди 32 ҳазор ҷои нишаст сохта ба истифода дода шуд. Имсол ҷойҳои нишаст зиёд мешавад. Ба ин тартиб 36 ҳазор ҷои нишаст дар нақша аст. Бояд афзоиши теъдоди хонандагонро ба инобат гирем. Дар баъзе мактабҳо хонандагон дар ду баст таҳсил мекунанд, ки ин моро водор мекунад, то ҷойҳои нишаст бунёд кунем. Ҳоло дар ҳудуди ҷумҳурӣ 3800 мактаб аст. Минбаъд теъдоди онҳо зиёд карда мешавад.

АМИТ «Ховар»: Мушкилоти дигар ҷамъ кардани пули китоб аст. Баъзе мактабҳо ҳатто аз солҳои пеш аз пули китоб қарзоранд…

Фатҳиддин Усмонзода:  Бале. Тавре маълум аст, чопи китобҳои дарсӣ тавассути низоми иҷораи китобҳо ба роҳ монда шуаааст ва тавассути ҳамин низом сеяки маблағ ҳамасола ҷамъоварӣ мешавад. Таҳлилҳо низ нишон медиҳанд, ки қарздорӣ дар баъзе ноҳияҳо вуҷуд дорад. Пурра пардохт шудани иҷораи китобҳо имконият медиҳад, ки чопи китобҳои дарсӣ ва дигар маводҳо сари вақт ба роҳ монда шавад. Мо дар ин самт бо шуъбаҳои маориф кор бурда истодаем.

АМИТ «Ховар»: Иддае аз падару модарон ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ нома навишта, хостори баргардонидани таътилҳои тирамоҳӣ ва баҳорӣ шудаанд. Оё дар назар аст, ки ин таътилҳо баргардонида шаванд?

Фатҳиддин Усмонзода:  Дар ҳақиқат масъалаи мазкур пештар дар омӯзиши Вазорати маориф ва илм қарор дошт. Алҳол ба  баррасии Ҳукумати кишвар пешниҳод шудааст ва умед аст, ки рӯзҳои назик ин масъала ҳалли худро пайдо мекунад. Дар ин сурат муҳлати таҳсил каме тағйир меёбад. Яъне муҳлати таҳсил на 25 май, балки 14 июн ба поён мерасад. Дар фасли зимистон таътили якмоҳа аз байн меравад. Фикр мекунам дар фасли зимистон таътил 7  ё 10 рӯза хоҳад шуд. Ба ин тартиб таътилҳо дар низоми таҳсил мисли пештара дар як сол 4 бор хоҳад шуд. Аммо муҳлати онҳо аз солҳои пештар фарқ мекунад.

Август 31, 2018 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода