«ХУШ КЕЛИБСИЗ, АЗИЗ ДӮСТЛАР!». Ҳайати ҳунармандони Тоҷикистон иборат аз 170 нафар вориди Тошканд гардид
ДУШАНБЕ, 15.08.2018./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҳайати ҳунармандони Тоҷикистон, ки дар чаҳорчӯби сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон дар пойтахти ин кишвари ҳамсоя ҳунарнамоӣ мекунанд, вориди шаҳри Тошканд гардид. Онҳоро бо садои дафу дойра, карнаю сурнай ва нидоҳои «Хуш келибсиз, азиз дӯстлар!» истиқбол намуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги ҶТ хабар доданд, ҳайати мазкур аз 170 нафар ҳунармандон иборат аст. Аз ҷумла, ба ин ҳайат Хунарпешаҳои халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ Саидқул Билолов, Давлатманд Холов, Адҳам Холиқов, сарояндагони ҷавону шинохтаи мамлакат, роҳбари бадеии ансамбли эстрадии «Ориё»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ Муҳаммадрофӣ Кароматулло, Таҳмина Ниёзова ва дигарон шомиланд.

Барномаи «Шоми дӯстӣ» 17 август дар Кохи «Ӯзбекистон»-и Тошканд сурат мегирад.
«Ҳайати ҳунарӣ дар чор автобус аз Душанбе ба шаҳри Хуҷанд рафта, аз он ҷо тавассути гузаргоҳи сарҳадии Ойбек ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон раҳсипор гардиданд»,- гуфтанд ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, ки «Шоми дӯстӣ» барномаи консертие буд, ки бори аввал дар чаҳорчӯби нахустин сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев моҳи марти соли ҷорӣ дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе бо ширкати шумораи зиёди ҳунармандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 17 август бо сафари дурӯза вориди Тошканд мешаванд. Ин ҳам нахустин сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари дӯсту ҳамсоя хоҳад буд.









Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид






