ИЗҲОРОТИ Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 03.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба АМИТ «Ховар» изҳороти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон расид, ки дар зер матни пурраи онро пешниҳод менамоем.
Тавре ки қаблан хабар дода будем, 29 июли соли 2018 дар роҳи автомобилгарди Кўлоб-Душанбе дар натиҷаи ҳуҷуми шахсони номаълум 4 нафар сайёҳони хориҷӣ ба ҳалокат расида, 2 нафари дигар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштанд.
Худи ҳамон рўз аз ҷониби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳодисаи мазкур бо моддаи 104 (одамкушӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ҷиҳати фавран дастгир кардани ҷинояткорон аз ҳисоби кормандони мақомоти прокуратура, корҳои дохилӣ ва амнияти миллӣ ситоди байниидоравии махсус таъсис дода шуд ва корҳои фаврӣ-тафтишотӣ оғоз гардиданд.
Тафтишот муайян кард, ки ҷинояти мазкурро сокинони ноҳияи Панҷ- Абдусамадов Ҳусейн, Маҷидов Асомиддин, Сафаров Зафар ва сокинони шаҳри Норак- бародарон Юсупов Аслиддин ва Юсупов Ҷаъфар аъзои ташкилоти террористӣ-экстремистии собиқ ҳизби наҳзати ислом дар асоси нақшаи қаблан дар хориҷи кишвар тарҳрезишуда зери пўшиши парчами «Давлати исломӣ» содир намудаанд.
Номбурдагон бо мақсади содир намудани куштори шаҳрвандони хориҷӣ 28 июли соли 2018 дар ҳудуди ноҳияи Восеъ гурўҳи сайёҳони бо дучарха ба самти шаҳри Душанбе ҳаракаткунандаро мушоҳида намуда, онҳоро зери назорати худ қарор додаанд.
29 июли соли 2018 тахминан соати 15-30 дақиқа ҳангоми ба деҳаи Сафобахши ноҳияи Данғара расидани 6 нафар сайёҳони хориҷӣ ҷинояткорон онҳоро бо автомашина пахш карда, пас аз ин бо мақсади ба охир расонидани қасди худ бо корду табар ба узвҳои ҳаётан муҳими онҳо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ расонида, аз ҷойи ҳодиса ғайб заданд.
Дар натиҷаи ин ҷинояти махсусан вазнин шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Аустин Ҷей ва Геогҳеган Лаурен Анне Муноз, шаҳрванди Нидерланд (Голландия) Воке Рене Виллемм ва шаҳрванди Швейтсария Хамел Маркус дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, шаҳрвандони Швейтсария Дименд Мари Клер ва Постма Ким Ирис бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба беморхонаи марказии ноҳияи Данғара бистарӣ карда шуданд.
Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврӣ-ҷустуҷўӣ ва бо кўмаку дастгирии фаъолонаи аҳолии деҳоти Лоҳур ҷойи будубоши ҷинояткорон муайян гардида, шаби 29 ба 30 июли соли 2018 роҳбари ин дастаи ҷиноятӣ Абдусамадов Ҳусейн дастгир карда, 4 нафар ҷинояткорони дигар — Маҷидов Асомиддин, Сафаров Зафар, Юсупов Аслиддин ва Юсупов Ҷаъфар ҳангоми дастгиркунӣ бо сабаби нишон додани муқобилияти мусаллаҳона безарар гардонида шуданд. Аз онҳо автомашинаи сабукрав ва олоти содир кардани ҷиноят дарёфт ва гирифта шуданд.
Тафтишот муайян намуд, ки гурўҳи ҷиноятӣ таҳти роҳбарии дастгиршуда Абдусамадов Ҳ. ин ҷинояти дахшатангезро бо супориши узви фаъоли собиқ ҳизби наҳзати ислом Убайдов Носирхуҷа Аҳтамович содир кардааст.
Зимни тафтишот муайян карда шуд, ки кирдори содиршуда амали террористӣ буда, бо мақсади ноором сохтани вазъият, ба вуҷуд овардани фазои тарсу ваҳм дар ҷомеа ва иснод овардан ба нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ содир карда шудааст.
Тавассути расонаҳои интернетӣ паҳн кардани навори қасамёдкунии ин дастаи ҷиноятӣ ба ташкилоти террористии ба ном «Давлати исломӣ» бо мақсади дур кардани гумон аз ташкилоти террористии ҳизби наҳзати ислом, ки фармоишгари асосии амали террористии мазкур мебошад, ташкил карда шудааст.
Зимни тафтишот алоқаи ин гурўҳи террористӣ бо дигар шахсон низ муайян карда шуда, 10 нафар сокинони шаҳри Норак, аз ҷумла 2 нафар барои мусоидат ба маблағгузории роҳбари ин гурўҳ Абдусамадов Ҳусейн ва 8 нафари дигар барои хабар надодан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба тайёрӣ ба содир намудани амали террористӣ дастгир ва ба ҳабс гирифта шуданд.
Тафтиши парвандаи ҷиноятӣ идома дорад.
Маркази матбуоти
Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
3 августи соли 2018








Дар Душанбе масъалаи таҳкими ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба хариду фурӯши одамон баррасӣ гардид
Ҳамкории милитсия ва соҳаи маорифи шаҳри Душанбе дар самти пешгирии ҷинояткории наврасону ҷавонон тақвият меёбад
ТАРМАФАРОӢ. Дар Тоҷикистон фаромадани тарма аз нимаи моҳи декабр то моҳи апрел дар назар аст
Соли 2026 дар Тоҷикистон ҷаласаи Шурои вазирони корҳои дохилии давлатҳои ИДМ баргузор мегардад
Дар вохӯрӣ бо аҳли ҷамоати шаҳри Ҳисор масъалаи пешгирии ноболиғон аз ҷинояткорӣ баррасӣ карда шуд
Мубориза бар зидди терроризму экстремизм дар меҳвари Паёми Президенти Тоҷикистон қарор дорад
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон оид ба масоили марбут ба амнияти давлат ҷаласа доир шуд
Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти миллӣ вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ баррасӣ шуд
Дар Душанбе ҷаласаи Платформаи миллӣ оид ба паст намудани хавфи офатҳои табиӣ баргузор гардид
Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Русия дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Ҷаласаи корӣ бо иштироки роҳбарони мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид






