«Мактаби бузурги сиёсӣ, давлатдорӣ ва одамияти Эмомалӣ Раҳмон»,– шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 30.08.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи сипаригардида сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Туркманистон ва иштироки ӯ дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Хазинаи Байналмилалии наҷоти Арал, ки 24-уми август ҷараён гирифт, сархати расонаҳои дохилиро ташкил намуд.
Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Ҷумҳурият» (27.08.2018, №169) сармақолаи худро ба ин сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон ва иштироки ӯ дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Хазинаи Байналмилалии наҷоти Арал бахшидааст. Нашрия зери сарлавҳаи «Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Хазинаи Байналмилалии наҷоти Арал» аз сомонаи расмии Сарвари давлат матлаб нашр кардааст, ки дар он ҷараёни баргузории ҷаласаи мазкур ва суханронии Пешвои миллат дарҷ гардидааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ таъкид доштанд, ки қарори таъсиси Фонди Байналмилалии наҷоти Арал (IFAS), ки имсол аз қабули он бисту панҷ сол пур мешавад, як қадами оқилонаи кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.
«Бо шарофати фаъолияти якҷояву ҳамоҳангшуда дар чаҳорчӯбаи Хазина, мо тавонистем диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба мушкилоти ҳавзаи баҳри Арал ҷалб намоем, ҳамкориро бо созмонҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ, ташкилотҳои молиявӣ ва кишварҳои донор ба роҳ монем, маблағҳоро ба татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои мухталиф барои бартарафсозии буҳрони Арал равона созем», -зикр кардаанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Мулоҳизаҳои ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, доктори илмҳои таърих, профессор Ҷамшед Ҷӯразода таҳти унвони «ҲНИ ва тамоюлҳои тундгароӣ дар раванди сиёсӣ» нашр шудааст. Муаллиф ба оғози давлатдории мустақили тоҷикон руҷӯъ карда, аз ҳаводиси мудҳиши он солҳо ёдоварӣ мекунад ва решаҳои он нобасомониҳоро дар фаъолияти тундгароёнаи ТТЭ ҲНИ маънидод менамояд.
«ТТЭ ҲНИ ҳамчун неруи сиёсӣ аз лаҳзаи ташкилёбиаш дорои консепсия ва ё назарияи пешнавиштае набуда, фалсафаю ҷаҳонбинӣ ва ҳадафу ормони мустақили худро доро набуд. Ҳатто, аз рӯзи расман эътироф шуданаш ҳамчун ҳизби сиёсӣ мавриди интиқоди сахти рӯҳониёни бонуфузи кишвар қарор гирифт, зеро онҳо мегуфтанд, ки ислом ба ҳизб эҳтиёҷ надорад ва вожаи «ислом» аз номи ҳизб пок карда шавад»,-менависад Ҷ.Ҷӯразода.
Инчунин дар ин шумора хабару гузоришҳои дигарро зери сарлавҳаҳои «Истиқлолияти давлатӣ. Тоҷикистон дар масири фардои дурахшонтар аст», «Тоҷикистон. Ҷаҳони нав барои сайёҳон», «Муҷассамаҳо. Гуфтаниҳои ногуфта» метавон мутолиа намуд.
Дар шумораи навбатии «Ҷумҳурият» (28.08.2018, №170) суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 55 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо сарлавҳаи «Пешвои миллат: Илму дониш кафолати зиндагии шоиста аст» нашр шудааст. Зимни суханронии худ Пешвои миллат зикр кардаанд, ки дар зарфи якуним соли охир дар шаҳри Душанбе 9 мактабу гимназияҳои нав ва биноҳои иловагӣ бо харҷи 174 миллион сомонӣ бунёд гардида, 10 мактаби дигар ба маблағи 56 миллион сомонӣ таъмиру навсозӣ карда шудаанд: «Ҳоло раванди азнавсозиву бунёдкорӣ дар ин самт суръати бесобиқа касб намуда, ғайр аз муассисаи таълимии имрӯза дар ҳудуди пойтахт сохтмони боз 12 мактаби замонавӣ барои зиёда аз 19 600 нафар хонанда ба маблағи умумии 235 миллион сомонӣ босуръат идома дорад».
Сарвари давлат ба шумораи хатмкунандагоне, ки ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат дохил шудаанд, таваҷҷуҳ карда, таъкид намудаанд, ки ин нишондиҳанда қонеъкунанда нест. Аз ин сабаб, ба сохторҳои марбута дастур додаанд, ки сабабҳои нокифоя будани сатҳи дониши хонандагонро дар баъзе муассисаҳои таълимии пойтахт таҳлил намуда, бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати таълим ва баланд бардоштани савияи дониши хонандагон чораҳои иловагӣ андешанд.
Таҳти унвони «Эстакада. Сохтмони камназир дар минтақа» дар бораи бунёди роҳи ҳалқавии маҳаллаи 82-и пойтахт маълумот дода шудааст. Ин аввалин эстакада (чорсӯи нақлиётии сесатҳа) дар ҷумҳурӣ буда, дар назар аст, ки то ҷашни Истиқлолияти давлатӣ сохтмони он ба анҷом рассад.
Инчунин, дар ин шумора мақолаву гузоришҳои «Аргус» ва рушди минбаъдаи иқтисод», «Рӯшон. Вазъи ёдгориҳои таърихӣ нигаронкунанда аст», «Меросбари ҳунарҳои мардумӣ ё бонуе дар миёни рангҳои зиндагӣ»-ро метавон хонд.
Нашрияи Маҷлиси Олӣ «Садои мардум» (28.08.2018, №105) низ дар шумораи навбатии худ сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Туркманистонро васеъ инъикос намудааст.
Дар баробари ин, нашрия мусоҳибаи рӯзноманигор Диловари Мирзо бо раиси ноҳияи Лахш Файзулло Баротзодаро зери сарлавҳаи «Мехоҳем дар қатори беҳтаринҳо бошем» интишор намудааст. Дар мусоҳибаи мазкур Ф.Баротзода дар бораи иҷрои қонунҳо ва супоришҳои Сарвари давлат, вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва кишоварзӣ дар ноҳия, рушди соҳаи туризм ва ташкили ҷойҳои нави корӣ маълумот додааст.
«Ӯ замоне вазир шуд, ки ҷинояткорӣ дар авҷ буд»- мақолаи Иноят Адолатов, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаллими калони Донишкадаи ҳарбии назди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҷаб Мардон, узви Иттифоқи нависандагон ва А.Бердизода, узви Иттифоқи нависандагон ва табибон аст, ки ба фаъолияти собиқ Вазири корҳои дохилӣ Ҳомиддин Шарифов бахшида шудааст. Дар матлаби мазкур зиндагинома ва фаъолияти яке аз вазирони муваффақи ВКД, ки солҳои вазнини баъди ҷангӣ фаъолият намудааст, инъикос ёфтааст.
«Саҳми Абӯалӣ ибни Сино дар илми асабшиносӣ» муаллиф Р. Раҳмонзода, «Душманон ба мақсади нопокашон намерасанд» муаллиф Мавлуда Мирзозода, вакили МН МО ҶТ, «Ҳунарманд ҳар ҷо бувад сарфароз» муаллиф Н.Низомӣ, «Тоҷику ӯзбек аз азал ёру бародаранд» муаллиф Ҳусейни Назрулло, «Ислом покизагӣ аст» муаллиф Ҷӯрабеки Муъмин, Корманди шоистаи Тоҷикистон мақолаҳоест, ки дар ин шумора метавон мутолиа намуд.
Дар шумораи навбатии худ нашрияи «Садои мардум» (30.08.2018, №106) зери сарлавҳаи «Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» ба истифода дода шуд» гузориш аз ифтитоҳи боз як боғи замонавии фарҳангию фароғатӣ дар пойтахти кишвар, ки солҳои қабл хароб шуда буд, нашр кардааст. Ин боғ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расман ба истифода дода шуд ва дар назар аст, ки ба яке аз марказҳои дилхушии ҷавонон ва сокинони пойтахт табдил ёбад.
Инчунин, дар ин шумора матлабҳои «Иқдомҳои наву замонавӣ ва ташаббускориҳои созанда», «Осоишгоҳи Зумрад» 45 — сола шуд», «Ҳалворо ҳаким хӯраду шаллоқро ятим?», «Чаро катибаҳо ғалат навишта мешаванд?», «Шароити истироҳат дар Хоҷабоқирғон беҳбудиро талаб мекунад», «Ифротгароӣ офати фарогиру харобиовар аст», «Камҳаракатӣ боиси беморӣ мегардад» чоп шудаанд.
Нашрияи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Народная газета» (29.08.2018, №35) шумораи навбатии худро ба инъикоси кушодашавии як қатор иншоот дар шаҳри Душанбе бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида, зери сарлавҳаҳои «Глава государства Эмомали Рахмон принял участие в церемонии открытия Парка культуры и отдыха «Молодежное озеро», «Лидер нации Эмомали Рахмон на открытии средней школы №55 столицы» гузоришҳо нашр кардааст.
Инчунин, дар бораи сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон, ки ҷиҳати иштирок дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Хазинаи Байналмилалии наҷоти Арал вориди ин давлат шуда буд, матлаби алоҳида нашр намудааст.
Зери сарлавҳаҳои «Сила в единстве», «Независимость новый этап в истории таджикского народа» ва «В Хатлоне готовятся к 30 – летию независомости» бахшида ба 27-солагии Истиқлолияти давлатӣ матлабҳо нашр гардидааст.
Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ маводҳо бо унвони зерин: «Душанбе ждет увеличения потока туристов в ближайшее время» ва «Альпинисты восхищены горами Таджикистана и довольны сервисом турфирмы» нашр гардидааст.
Нашрияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷавонони Тоҷикистон» (30.08.2018, №35) зери унвони «Саёҳати ҷавонон ва донишҷӯёни давлатҳои узви СҲШ ва ИДМ дар Душанбе» гузориши тасвирӣ аз ҷараёни Фестивали байналмилалии ҷавонон ва донишҷӯёни давлатҳои узви СҲШ ва ИДМ, ки таҳти унвони «Тоҷикистон ва роҳи абрешим: таърих ва замони муосир» ҷараён дорад, нашр намудааст.
«Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон зиёд шудааст. Чаро?!» мақолаи таҳлилиест, ки рӯзноманигори нашрия Беҳрӯз Холмуродов навиштааст. Дар матлаби мазкур муаллиф кӯшиш намудааст, ки ба саволи дар сарлавҳа гузошта посух пайдо намояд ва аз ин сабаб, бо равоншиносону ҷомеашиносон суҳбат намуда, назари онҳоро чоп кардааст.
Хуршед Мавлонов мақолаи худро «Вақте занҳо муҳоҷир мешаванд…» унвон карда, талош кардааст, ки раванди ба муҳоҷират рафтани занҳои тоҷик ва паёмаду таъсири онро баррасӣ намояд. Дар баробари овардани далелу рақамҳо, инчунин бо занҳое, ки ба муҳоҷират рафтаанд, суҳбат намудааст.
Ҳамчунин, дар ин шумора мақолаҳои «Ҷом насиби мизбонон шуд», «Саратони сина марговар нест», «Қонунмеҳварӣ» ва дигар хабару гузоришҳо нашр шудаанд.
Нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» (29.08.2018, №35) ҳам сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон ва мулоқоти ӯ бо Президенти ин давлат Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро васеъ инъикос намудааст.
Мақолаи Саидмурод Фаттоҳзода, муовини якуми Раиси ҲХДТ, доктори илмҳои фалсафа таҳти унвони «Мактаби одамият» нашр шудааст. Дар мақолаи мазкур Саидмурод Фаттоҳзода фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таъсири он дар бунёди давлати соҳибистиқлол ва миллии тоҷиконро таҳлилу баррасӣ намудааст. Муаллиф таъкид намудааст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар баробари сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ будан, шахси ниҳоят дилсӯзу фурӯтан ва меҳрубон мебошанд. Аз ин ҷост, ки мардум ӯро бениҳоят дӯст медорад ва Пешвои миллии худ хондааст.
Инчунин, дар ин шумора матлабҳои «Дурнамои робитаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон», «Дар талоши дарёфти доллар ва рубли русӣ», «Ватан хонаи ишқи мо», «Сарнавишти «ятим» ва «тундару чароғак»-и забон» чоп шудааст.